
Сараввал бо камоли ифтихор ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бо фарорасии ин ҷашни сарнавиштсозу муқаддаси миллӣ 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори неку осоишта ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро бароятон таманно дорам.
Бисту нӯҳ сол муқаддам, миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири таърих мебошад. Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама хусусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Дар баробари ин қайд намудан, ҷоиз аст, ки Истиқлолият рамзи ягонагӣ, озодӣ, ифтихору номус ва соҳибдавлатию ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик буда, низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд. Боиси қайд аст, ки роҳи таърихие, ки мо дар ин давра тай кардем ҳамвор набуд. Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла Шумо ҳозирини гиромӣ хуб огаҳед, ки то ба расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чӣ қадар мушкилотҳои сахту сангинеро паси сар кардем.
Аз нахустин қадамҳои Истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳи кишвар бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазорсол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавонӣ Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Дар натиҷа, беш аз садҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар хонаву дари худро тарк карда ба кишвари ҳамсоя фирор намуданд. Ҷанги таҳмили ба иқтисодиёти мамлакат беш аз даҳҳо миллиард сомонӣ зиёни моддӣ расонида, даҳҳо ҳазор манзилҳои истиқоматӣ сӯзонида шуда, ҳазорҳо иншоотҳои иҷтимоию фарҳангӣ, ки ба халқу давлатамон зарур буд харобу валангор гаштанд.
Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, ҳазорҳо занон аз шавҳаронашон ва зиёда аз панҷоҳ ҳазор кӯдакон ятим монданд. Дар баробари ин миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории Тоҷикон тарҳрезӣ мешуд, вале бар хилофи азму талоши гурӯҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундравӣ дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо дар муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.
Бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқи кишвар масъалаи ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд. Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шудаанд, ғайриимкон менамуд, вале таърихи давлатдории навини Тоҷикон ва таҷрибаи таърихи баъди ба даст овардани Истиқлолият исбот ва собит сохт, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар заминаи устувор барои ба даст овардани сулҳи бебозгашти тоҷиконро дошта, имрӯзҳо самараи дилхоҳ ба бор оварда истода ва мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоно буда, пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад.
Дар баробари ин обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ нигоҳ ва ҳифз менамояд. Бо расидан ба Истиқлолият рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия рӯз аз рӯз устувор гардида истодааст. Имрӯз мо бо итминон метавонем гуфт, ки ҳамаи ободиву осудагии Ватани маҳбубамон–Тоҷикистон, боло рафтани нуфузу мақоми давлатамон ва ба миён омадани робитаҳои густурда бо давлатҳои гуногун меваҳои шаҳдборӣ Истиқлолият мебошад. Албатта, рушди устувори давлату давлатдорӣ дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ аз имкон берун буда, барои амалӣ намудани он вақт ва шароити муносиби иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарур аст. Таъмини рушди босубботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз оғози даврони Истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи асосии стратегии Ҳукумати кишвар мебошад. Дар ҳамин асос ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳои бахшидани кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян карда шуданд.
Мо ифтихор аз он дорем, ки мардуми шарафманди ноҳияи Кӯшониён дар қатори дигар манотиқи кишвар баҳри пойдор гаштани шохаҳои ҳокимият, эҳтироми арзишҳои миллӣ, эҳёи тамаддуни пурғановати гузаштагони худ, зери партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат заҳмату талошҳо намуда истодаанд. Имрӯзҳо сатҳи зиндагии мардуми мо рӯз аз рӯз боло рафта истода, Ваҳдату ягонагии комил дар кишвар ҳукмфармост, бинобар ин моро зарур аст, ки бори дигар ин сиёсатро ҳамчун сиёсати ягонаи худ қабул намоем.
Ноҳияи Кӯшониён, ки яке аз ноҳияҳои калонтарини вилоят ба ҳисоб рафта, дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ҳиссаи арзандаи худро гузошта мақоми хоссаро ба худ касб намудааст. Аз файзи Истиқлолият ва сулҳу субботи кишвар, дар ноҳия тӯли ин солҳо ҳаҷми даромади буҷети маҳаллӣ пайваста зиёд гардида, қисми хароҷоти буҷет оид ба дастгирии соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа, махсусан соҳаи иҷтимоӣ, сол аз сол афзоиш ёфт, ки ин имконияти пешравии мунтазами соҳаҳои гуногунро дар ноҳия таъмин менамояд.
Баҳри амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳия 59 муассисаҳои таълимӣ ва 8 муассисаҳои томактабӣ амал мекунад, ки ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи махсус дар ҳудуди ноҳия зоҳир карда мешавад. Тавре таҷрибаҳо нишон медиҳад давлате, ки ба рушди соҳаи илм, махсусан илмҳои техника ва технологияҳои муосир диққати зарурӣ намедиҳад ба пешравӣ ноил намегардад бо назардошти ин дар ин давраи соли ҷорӣ иҷрои Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар марҳилаи якум пурра ба анҷом расонида шуда, марҳилаи дуюми компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ оғоз гардид. Савияи донишандӯзии хонандагон сол то сол баланд гардида, танҳо дар соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои вилоятӣ фаъолона иштирок намуда соҳиби 91 адад медал гардиданд аз ҷумла 17 медали тилло, 26 медали нуқра, 48 медали биринҷӣ, ки нисбати соли 2019, 5 адад медал аз ҷумла, 12 адад медали биринҷи зиёдтар ва дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 4 медали тилло, 2 медали нуқра ва соҳиби 2 медали биринҷӣ гаштанд.
Дар ноҳия 78956 ҷавонони аз синнӣ 14-30 сола зиндагӣ мекунанд. Баҳри ҳифзи саломатии онҳо ва рушди варзиш як варзишгоҳи марказӣ, 5 толорҳои варзишӣ мавҷуд мебошад, ки дар онҳо 27 нафар мураббӣ 667 нафар хонандагон ба варзиш машғул буда, варзишгарони ноҳия, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори 84 адад аз ҷумла 43 медали тилло 27 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбати соли 2019-ум 3 адад медали нуқра зиёд мебошад.
Дар ин давра мардуми ноҳия ба як қатор дастовардҳо ноил гардида бошанд, ҳам ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мо барои он талош дорем, ки дар тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ноҳия бештар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем, баҳри тарбияи насли наврас аз қолабҳои идеологӣ ва маҳдудиятҳои мафкуравӣ, дорои ҷаҳонбинии нав ва дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ба камол расонидани онҳо кӯшиш ба харҷ дода, барои дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштани нуфузу мақоми давлат саҳми арзандаи худро гузорем. Дар фарҷом мехостам бори дигар тамоми мардуми сарбаланди ноҳияро бо ҷашни бузурги миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо тандурустиву саодати рӯзгор, хонаободӣ ва ба ватани азизамон сулҳу суботи доимӣ орзу менамоям.