Кӯшониён: Ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ ва аёдати собиқадорони меҳнат, дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Имрӯз, бахшида ба рӯзи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи роҳбарияти ноҳия як қатор иншоотҳои ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, ҳамзамон 6 нафар собиқадорони меҳнат аёдат карда шуданд. Дар шаҳраки И.Сомонӣ маркази хизматрасонӣ иборат аз мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум, дорухона ва мағозаи фуруши либосҳо, ки аз тарафи соҳибкор Қузиев Асрор сохта шудааст, дар рӯзи ҷашнӣ миллӣ ба истифода дода шуд. Нуқтаи мазкур барои сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва шаҳраки И.Сомонӣ хизматрасонӣ менамояд. Соҳибкори мазкур бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуд. Дар идомаи боздиди худ, раиси ноҳия ва ҳамраҳонаш дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод собиқадорони меҳнат, Абдулхаев Абдуқаюм ва Сангов Шарифро аёдат намуда, бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Собиқадорони меҳнат баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон дуои нек намуданд. Раиси ноҳия бо ҳамраҳони худ, дар идомаи боздид, дар деҳаи Хурсандии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардумро мавриди истифода қарор дода, ба соҳибкор барои таъсиси иншооти хизматрасонӣ замонавӣ миннатдории хешро баён намуда, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардониданд. Сипас дар ҳамин деҳа собиқадори меҳнат Давлатов Ҳомидбек аёдат карда шуд. Давлатов Ҳомидбек, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ғамхориҳои пайваста баён намуд. Дар идомаи чорабинии идона, роҳбарияти ноҳия дар Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, майдончаи хурди варзиши аз намуди футболро мавриди истифода қарор доданд. Раиси ноҳия ба соҳибкорӣ маҳаллӣ, барои сохтмони иншооти варзишии замонавӣ баҳои баланд дода, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардониданд. Сипас раиси ноҳия ва ҳамраҳонаш, дар деҳаи Остонкаки Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия маркази саломатиро, ки аз тарафи сокини деҳа Имомов Ҷонибек бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст ба истифода доданд. Маркази мазкур ба зиёда аз 2700 нафар сокинони деҳа хизматрасонии тиббӣ мекунад. Ҳамзамон дар Ҷамоати мазкур, роҳбарияти ноҳия, собиқадори меҳнат Сафарова Фаридаро аёдат намуданд. Дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳия, роҳбарияти ноҳия ба манзили истиқоматии Мунаваров Абдуҳалим, собиқадорои меҳнат ворид гашта, бо ў суҳбати самимона намуданд. Ба ҳамаи собиқадорони меҳнати аёдатгашта, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳия маводҳои ғизоӣ ва шириниҳо дастрас карда шуд.

59_0.jpg 60_0.jpg 61_1.jpg 62_0.jpg 50.jpg 51_0.jpg 52_0.jpg 53_0.jpg 54.jpg 55_2.jpg 56_0.jpg 57_0.jpg 63_0.jpg 64_0.jpg 65_0.jpg 66_2.jpg 

Миёна: 3 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.