
Намояндагони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, дар деҳаи Умари Хайём, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа бо усули «Хона ба хона» бо сокинони деҳаи номбурда вохӯрӣ баргузор намуданд. Ҳамзамон дар вохӯрӣ, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз хавфу хатари ташкилотҳои ифротӣ,тарғиби тарзи ҳаёти солим бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз ба дарки ҳамагон расонида шуда, ҳар яки онҳоро барои саҳм гузоштан дар амалҳои созанда раҳнамоӣ карданд.