ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ИНТИХОБОТ, НИШОНАИ ЗИРАКИИ СИЁСИИ ҶАВОНОН

ВОКУНИШ: Иштироки њар як шаҳрванд, дар интихоботи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон ҳатмӣ буда, ин саҳмгузори дар давлати навбунёди Тоҷикистон, садоқат ба Ватан, миллат, давлат, эҳтиром ба қонун, қонуният, бунёди ояндаи уствори хеш ва аҳли оилаи худ, эътирофи Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳамқадамӣ дар рушди давлати миллӣ ва адои қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонӣ буда, бояд донист, ки иштироки ҳар нафари ба синни 18 расида дар интихобот муҳим аст ва ҳамчунин бояд бори дигар такрор намуд, ки ин қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад. Ҳар як шахс, бояд худ ба участкаи интихоботӣ рафта овоз диҳад мумкин нест, ки як нафар ба ҷои чанд нафар дигар овоз диҳад. Ба ҳамин хотир, бояд ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар маъракаи интихоботро бе ягон қонуншиканӣ иҷро намуда, бояд мо садоқати худ, дастгирии сиёсати давлат ва ҷонибдории пешрафти мамлакатро дар рӯзи интихотоб нишон диҳем.

        Имрӯзҳо, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз маъракаҳои муҳими сиёси яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз ба рӯз наздик мешавад, шахсоне, ки бо маблағҳои нафароне, ки намехоҳанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳлу ваҳдат доимӣ пойдевору устувор бошад, дар сомонаҳои иҷтимоӣ баромадҳои иғвоангез намуда, ба фикри беақлонаи худ мардумро ба иғво меандозанд. Ман ба ин сагҳои дайду ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ҳайрон мешавам, ки ин ҳама гапи пучу бекори бадтинатону бадсириштон ба ки лозим, албатта ин ҳама баромадҳои ғайриақлонаи бадзотон танҳо ба хоҷагоне, аз берун ба онҳо маблағгузорӣ мекунад лозим мешаваду бас.

      Ман ҳамчун як ҷавон, сокини ноҳияи Кӯшониён ба ҷавононе, ки барои муҳоҷират ё идомаи таҳсил дар хориҷа хуллас барои кадом коре, ки набошад дар хориҷи кишвар қарор доранд, ба ин гурӯҳҳо бовар накунанд, чунки Ватани тинҷу ором доред, нагузоред, ки ҳар нохалафе ба ин Ватани биҳиштосо чашм ало кунад. Мардуми шарифи Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷонибдории давлатдории демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи худ бошанд, барои ҷомаи амал пӯшидаи орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, бо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва радикалӣ муборизаи беамон баранд.

        Ба мо ҳамагон маълум аст, ки ин Истиқлолияте, ки дар Ватани азизи мо ҳукумрон аст, ба осонӣ ба даст наомадааст мо мардуми тоҷик бояд донем, ки соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи таърихиест, ки мардуми моро насиб гаштааст. Дар ҷомеае, ки имрӯз умр ба сар мебарем моро мебояд, ки бо рафтору одоби намунавии худ ба омӯзиши илмҳои муосир рӯ орем. Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад як марҳилаи сифатан нав дар пешрафти хӯдшиносии миллиамон гардида, моро ба сӯйи созандагӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Мо бояд шукри сулҳу ободии Ватан намоему вақти қиматбаҳои худро ба манфиати миллат сарфа намоем

        Мо ҷавонон тамоми амалҳои ноҷавонмардонаи Кабириву аъзоёни ташкилоти террористӣ – экстримистӣ ҳизби ифлоси наҳзатро маҳкум намуда, барои рушди корҳои созандагӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикистон, рӯзи 11-уми октябри соли ҷорӣ ба ҷонибдории арзандатарин ва фарзонатарин фарзанди баруманди миллат-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳем.

Шеров Сунатулло мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.