Кӯшониён: Мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Хатлон бо фаъолони ноҳия

     Имрӯз, таҳти раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён ва бо иштироки Ширин Исматуллозода, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъанава ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, З.Ҳикматуллозода, намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи прокуратураи вилояти Хатлон, роҳбарони як қатор раёсату шуъбаҳои вилояти Хатлон бо фаъолони ноҳия мулоқоти корӣ сурат гирифт. Бояд қайд намуд, ки ҷамъомади мазкур бо риояи талаботҳои беҳдошти тиббӣ, риояи масофаи нишаст баргузор гардид. Ҷаласаи кориро раиси ноҳия кушода, меҳмони олиқадрро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур ин пеш аз ҳама, пурзур намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, ҷинояту ҷинояткорӣ, фаъонок намудани мавқеи шаҳрвандӣ дар ҷомеа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз арзёбӣ гардид. Ширин Исматуллозода, муовини сарвазири мамлакат ва дигар аъзоёни гуруҳи корӣ дар доираи масъалаҳои дар боло зикргардида фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Дар фарҷоми мулоқот, суолу ҷавоб ва таклифу пешниҳодҳои аҳли толор ба меҳмонон пешкаш гардида, ҷавобҳои мушшаххас гирифта шуд.

37_0.jpg 38_0.jpg 31_0.jpg 32_0.jpg 33_1.jpg 34_0.jpg 35_0.jpg 36.jpg 40.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.