Дурӯғ бефурӯғ аст

    ВОКУНИШ: Душманони миллати мо бо роњи дурӯғбофӣ ғаразҳо ва кинаварзи хешро ҳақ қаламдод карда, мардуми бедору ҳушёри Тоҷикистонро фиреб доданӣ мешаванд. Аммо тири онҳо ҳар дафъа гашта, ба синаи худашон мезанад. Аз ин хулоса намекунанд шармандаанд, шармандатар мешаванд.Тасаввур кунед одаме, ки номи тоҷикиро дорад, Ватанаш Тоҷикистон аст, бо кӯмаку маблағгузорӣ ва ҳидояти хоҷагони хориҷиаш ба сӯи ватану миллати хеш санги ҳақорат ҳаво медиҳад ва аз ин кораш фараҳмандӣ мекунад, ин гуна одамон ба ботлоқи кина ғӯтида, баҳри ба ғаразҳои нопокашон ба кори аз ҳама паст даст мезананд. Барои ин гуна одамон шарафу номуси ватандорӣ барин сифати олии инсонӣ вуҷуд надорад. Онҳо кайҳо ба маҳлуқҳои одамшакл мубадал шудаанд, ки бо фармони маблағгузорони хориҷиашон ба Ватан хиёнат мекунанд. Ба ин гурӯҳ одамон намояндагони ҳизби террористии мамнуъшудаи наҳзати ислом, гурӯҳи 24 дохил машаванд. Маълум аст, ки оби дарё аз обнӯшии саг мубир намешавад, вале ин хоинони миллати тоҷик ба ҳар даре, ки сар мехалонанд ба ҳар коре даст мезананд, саркуфта мешаванд. Номусу шараф, ки надоранд, сафсата мебофанд. Дурӯғ мегӯянд. Ҳар дафъа тирашон хок мехурад. Онҳо аз дасисабозиву фитна эҷодкунӣ обрӯ эътибор ва шаъни инсониро аз даст дода, чор мезананд, ки дар Тоҷикистон пешрафту комёбӣ нест. Лекин мардуми бофаросати дунё медонад ва мебинад, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон корҳои бузурге сомон ёфтаанд. Ҳар кадомеро барои Тоҷикистон метавон корномаи бузург номид. Рушду тараққиёт дар ҳамаи соҳаҳо дида мешавад, аммо душманони дурӯғбофу дасисакори Ватан мисли сагони дастомӯз ва фармонбардори хоҷагони хориҷии хеш ба сӯи корвони сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки марзҳоро убур карда, дар ҷаҳон эътироф шудааст беист аккос мезананд. Вале нотавонбиниву хурдагирии бадхоҳони миллат раванди созандагиву ободиро суст намекунад. Баъди он, ки се ҳадафи стратегии кишвари соҳибистиқлоли мо иҷро шуданд, бо ҳидояти Пешвои миллат халқҳои Тоҷикистон ба амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии Ватанамон камар бастанд. Яъне раванди ватансозиву миллатсозии мо шабеҳи дарёи пуртуғиёни Ваҳдат аст, ки аз ҳазорон дарёву дарёчаҳои кӯҳистони тоҷик-Бадахшон, Рашт, Хатлон,Ҳисор, Зарафшон,Суғд рӯз то рӯз сол то сол серобтар мешавад. Аз сафои оби покаш на танҳо зиндагии сокинони Тоҷикистон сафобахш аст балки аз нури рушани офтоби сулҳи тоҷикон дидаву дил ва рӯзгори сокинони минтақаи ҷаҳон равшану мунаввар аст.

      Дурӯғ бефурӯғ аст. Дурӯғгӯёну дурӯғбофон ва дурӯғсозонро дарёи ваҳдати миллати мо дар гирдоби хеш кашида, мисли партобҳои нозарур дар ҳалқаи хеш тоб медиҳанд, онҳо ё ба худ меоянд ва чанг ба домони Ватан мезананд, модарватан ононро боз ба оғӯш мегирад вале онҳое дар ин гирдоб чарх зада, аз беақлӣ бештар фирефтаи хоҷагони хеш мешаванд оқибат хору зор ҳасрати хоки Ватанро ба гӯр ҳамроҳи хеш мебаранд ва беному нишон аз арсаи ҳаёт нопадид мешаванд. Зеро онҳо баъди адо кардани хизмати хоҷаҳояшон нозарур шуда мемонанд. Дарёи Ваҳдати мо бо шӯру туғён ба пеш меравад. Хиёнатпешаҳо ва ватанфурӯшонро маҳв месозад ва чун мурдор оқибат дар соҳили фаромушӣ ва бекасию беватанӣ парт мекунад. Зеро халқҳои Тоҷикистон ҳар рӯз хиштеро руӣ хишт мегузоранд. То қасри шуҳрати Ватани соҳибистиқлолиамон баландтару зеботар шавад. Бо ин амал ватандорони асили бо нангу номус таърихи Ватани соҳибистиқлолиамонро бо ҳамаи ҳунар ва ҳарфи дӯстдорӣ эҷод мекунанд ва аз эҳёи миллати шарафманди қадимае баъди ҳазор сол мужда мерасонанд.

Валиев М, директори китобхонаҳои

муттамарказонидашудаи шуъбаи

фарҳанги ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.