ВОКУНИШ: Оғози давлатдории мустақили тоҷикон бо шиддатгирии равандҳои сиёсӣ- тазоҳуроту табаддулот дар заминаи фалаҷгардии ҳокимияти давлатӣ бо дахолати нерӯҳои сиёсии хориҷа рост омад. Нақшаи табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон иқдоми ногаҳонӣ набуда, ҳанӯз солҳои 80-уми асри ХХ аз ҷониби тарроҳони хориҷӣ таҳия шуда буд. Тавре маълум аст, дар ибтидоӣ Истиқлолияти давлатӣ бо кӯшиши гурӯҳҳои манфиатҷӯ вазъият дар мамлакат мураккаб гардида, ҳамоишҳои бомусолимат якбора ба муноқишаҳои яроқон табдил ёфтанд. Қатли пешвоён шахсиятҳои фарҳангиву равшанфикрони миллат, таъқиби рақибони сиёсӣ, маҳалгароӣ ва щасби ҳокимияти давлатӣ шурӯъ гашта ҷанги шаҳрвандиро ба миён овард, ки ба ин раванд ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ сарварӣ мекард.
Хушбахтона, бо талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуда, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави давлатсозӣ ощоз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ба низоми сиёсии ҷадид- эътирофи гуногунандешии сиёсӣ, ташкили низоми бисёрҳизбӣ ва парлумони дупалатагӣ ворид гашт. Самараи сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон тавонист, дар муддати кӯтоҳи таърих ба қатори 11 давлатӣ рӯ ба инкишоф шомил шуда, ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ ба маҷрон рушди муътадил ворид гардад. Рушди бонизоми кишвар ва иттиҳоди миллӣ ба аъзои Ташкилоти террористи экстремистӣ ҲНИ хуш наомад, ки ахиран ба ҷиноятҳои вазнин, ташкили задӯхурдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишвар, кӯшиши амалӣ намудани табаддулоти давлатӣ даст заданд. Ҳаракатҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳи террористӣ бо сардории Муҳиддини Кабирӣ бо далелҳои қотеъ исбот шуда, ниҳоят 29- сентябри соли 2015 фаъолияти он аз ҷониби суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 16 ҳизбу ҳаракати террористию экстремистӣ мамнӯъ эълон гардид. Шаҳрвандони фирефташуда ва гумроҳ якҷоя аз аъзогии ин ҳизби террористию экстремистӣ баромада саркардаҳои ба хориҷи кишвар ба назди хоҷагони худ фирор намуданд. Имрӯзҳо Ташкилоти террористи экстремистӣ ҲНИ бо зиёда аз 20 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ба монанди «Ҳаракати исломи Туркистони щарбӣ» « Ҳизби исломии Туркистон (собиқ ҳаракати исломи Узбекистон) « Инвои –ул-муслимин» « Ҳизб-ут-таҳрир», « Ҷамоати Ашар-ул-лоқ», « Салафия», « Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-Нусра», ҳамкорӣ дошта, аъзои он бо амалҳои ифротию террористии худ дар амри ангезиши заддияти фарҳангу тамаддунҳо, давлату миллатҳо ва мардуми осоишта талош меварзанд. Гузашта аз ин, зиёда аз 1000 нафар аъзои ҲНИ дар муноқишаҳои Сурия, Ироқу Яман, Афщонистон ва Фаластин иштирок дошта, ҳамарӯза таҳдиди вуруд ба Тоҷикистонро доранд.
Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконот сари қудрат омадан тавассути интихобот боис гардиду ниқоб аз чеҳраи аслии аъзои он бардошта шуд. Охирин талоши наҳзатиён барои сари қудрат омадан табаддулоти соли 2015 бо сарварии Абдуҳалим Назарзода, бо тахаллуси «Ҳоҷӣ Ҳалим» буд, ки шикаст хӯрд. Ба таври дигар гӯем, сенарияи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути нерӯҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амал татбиқ гардид. Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро ба сиёсат омехтан маънии миёни ҷомеаи мусалмонӣ ихтилоф ангехтанро дорад. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки рахна ба таҳкурсии бақои давлату миллат мезанад.
Кабириву сарпарастонаш мехостанд тафаккури мазҳабии мардумро дигаргун созанд. Идеологияи асосии хоҷагони ТЭТ ҲНИ дар он ифода меёбад, ки инқилоби исломиро дар кишварҳои мусалмонӣ тадриҷан, зина ба зина тарҳезӣ кунанд ва густариш диҳанд. Аз ин лиҳоз, дар бархе аз кишварҳо, аз қабили Ироқ ва Сурия, шуъбаҳои «Ҳизбуллоҳ» таъсис дода шудааст. Дар Тоҷикистон вазифаи ин шуъбаро Ҳизби наҳзат иҷро мекард. Яъне ба ном Ҳизби наҳзат буд, аммо моҳиятан шуъбаи «Ҳизбуллоҳ» маҳсуб мешуд ва фаъолияти идеологӣ-сиёсии онро пеш мебурд. Фаъолияти онро то кунун пинҳонкорона дар Тоҷикистон ва Аврупо давом дорад. Ин гурӯҳи авомфиреб, ки бозичаи дасти бегонагонанд, барои таъсир расонидан ба мафкураи мардум ва бесубот кардани вазъи иҷтимоӣ дар дохили кишвар аз хоҷагони берунаашон пулу сармоя меситонанд ва мехоҳанд ҳадафу мақсадҳои нопоки онҳоро бароварда кунанд. Ҳанӯз дар ощози Истиқлолияти давлатӣ саркардагони ин ҳизби террористӣ бо пулу сармояи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азимеро оваранд, ки боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор одамон гардид. Кишварро харобу валангор намуда, давлатро дар садади нобудӣ қарор доданд. Барои ин гурӯҳ на истиқлолият, на давлат ва на миллат арзиш надоранд. Барои инҳо танҳо як арзиш – ба нархи ҷони дигарҳо ва ба нархи давлату миллат ба даст овардани сармоя ва иҷро кардани ҳадафҳои сармоягузор аст. Ҳарчанд дар расонаҳои хеш ин гурӯҳ даъво доранд, ки гӯё инсонҳои озода ва аз ҳеҷ кас вобаста нестанд ва танҳо ба хотира дифоъ аз арзишҳои миллӣ корҳоеро анҷом медиҳанд аммо ин танҳо сароб, дуррӯщ ва тавтеа асту бас. Пушти даъвои ҳангомаҳои ин гурӯҳи шайёд пулу манфиатҳои бегона қарор мегирад.
Роҳбарони ТЭТ ҲНИ бо роҳи мащзшӯӣ ва истифода аз силоҳ хостанд дубора кишварро бо хуну хок даромезанд. Саркардагони ин ҳизб, ки дар дарозои замони мавҷудияти хеш кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷом надода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд, бори дигар хиёнат намуданд. Саркардагони ин ташкилоти террористӣ гумон мекарданд, ки аз ҷониби мардум дастгирӣ меёбанд ва аъмоли касифонаи солҳои 90-ум содирнамудаи худро такрор мекунанд. Хушбахтона мардуми шарафи Тоҷикистон бар зидди ин нияти бади наҳзатиҳо бархостанд, зеро ҷиноятҳои зиддиинсонӣ ва зиддимиллии ин ташкилоти террористиро, ки сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардида боиси марги 150 ҳазор сокинони кишвар шуд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардаанд.
Дар таърихи давлатдории мо хиёнат кардан ҳанӯз дар аҳди Сомониён буд, ки сабаби шикасту аз байн рафтани давлат гардида буд. Дар натиҷа дар тӯли таърихи ҳазорсола дигар мо натавонистем давлати миллӣ дошта бошем. Дар 27 соли Истиқлол низ мо борҳо шоҳиди хиёнат гардидем, ки аз тарафи наҳзатиҳо сар задаанд. Имрӯзҳо ҳар фарди миллатро зарур аст, ки чунин амали ноҷавонмардонро маҳкум намояд ва ҳамагӣ дастаҷаъмона ин арзиши олии сиёсӣ, яъне Истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем ва пояҳои онро таҳким бахшем. Ҳанӯз дар бомдоди Истиқлолият душманону бадхоҳани миллат, яъне наҳзатиҳо барои аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон сайъу талош карданд ва давлату миллатро дар вартаи нобудӣ қарор доданд. Бо кӯшишу заҳматҳои фарзандони бедордилу ватандӯст пас аз панҷ соли нобасомониҳо мо дубора ба сулҳу истиқлол расидем. Ин ҷанги бемаънии бародаркуш боиси марги садҳо ҳазор гардид ва камари иқтисоди ҷомеаро шикаст. Ҳанӯз ҳам ашки модарони фарзандгумкарда ва щуссаи фарзандони падар модар гумкарда поён наёфтааст. Табиати ҷанг ҳамеша вайронӣ ва қатлу куштор аст. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои тундгароёнаи ТТЭ ҲНИ итминон дорем, ки сулҳу суббот ва ваҳдату якдилии тамоми халқи Тоҷикистон бебозгашт буда, халқи мо бо фарҳанги таҳаммулгаро ва ҷаҳонгири тоҷикона, бо маърифат ва номусу шарафи тоҷикона, бо азму талошҳои пиру барно Ватан ва тоҷику тоҷикзабони тамоми дунё, бо иродаву раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад. Тамоми кормандон ва омӯзгорони муассисаи таълимии № 9, ин рафторҳои ношоистаи ҲНИ-ро маҳкум намуда ба онҳо лаънат мехонанд.
Исмоилов Ҷ, сарвари МТМУ№9-и ноҳияи Кӯшониён