Бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонони даъватшуда ба хизмати ҳарбӣ, рӯзи 1 октябри соли равон, дар комиссариати ҳарбии ноҳия, бо иштироки раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва бо иштироки даъватшудагон ва волидони онҳо ба як қисм ҷавонони даъватшуда, марҳилаи якуми супоридани шаҳодатномаҳои ронандагӣ баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии ташкилоту идораҳо, зиёда аз 100 нафар ҷавонон ба курсҳои ронандагӣ сафарбар гардида буданд ва марҳила ба марҳила ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ройгон супорида мешавад. Аз ин иқдоми пешгирифтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, даъватшудагон ва волидони онҳо хушҳол гардида, миннатдории худро баён намуданд.