ВОКУНИШ БА ХИЁНАТКОР МУҲИДДИН КАБИРӢ

    Халқ ва мардуми баруманди тоҷикро аз қадиммулайём бо бузургон ва шахсиятҳои барҷастаи худ аз қабили Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯ Алӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Балъамӣ, Абӯрайҳон Берунӣ ва дигар бузургон мешиносанду эҳтиром менамоянд. Ин шахсиятҳо тавонистан бо асарҳои созанда ва ғазалиёти дилнавози худ тавонистаан ҷамъиятро ба роҳи рост ва дуруст роҳнамоӣ намоянд, ки ин барои мардум ниҳоят муҳим аст. Маҳз ана ҳамин созандагиҳо буд, ки имрӯз миллати тоҷикро дар симои онҳо мешиносанду ҳурмат мекунанд. Боиси қайд аст, ки дар баробари чунин шахсиятҳо, ки миллат аз онҳо ифтихор мекунаду меболад, имрӯзҳо ҳастанд ашхосе, ки барои пиёда намудани ҳадафҳои нопоки худ обру ва эътиқоди миллату мардуми тоҷикро зери суол баранд. Барои беқадр намудани обру ва эътибори роҳбарияти кишвар дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳар кори номатлуб ва ношоиста даст мезананд. Бешак бояд гуфт, ки ин ҳадафҳои онҳоро хок хурд. Бешак бояд гуфт, ки онҳо мунофиқони миллатанд, зеро солҳо дар либоси дӯстбаҳри ноамниятии мардуми тоҷик нақшаҳо мекашиданд. Мунофиқ ба шахсе гуфта мешавад, ки зоҳиран худро шахси ватандӯст ва покизакор нишондода, аммо дар замираш ниятҳо ва ҳадафҳои нопокро парвариш менамояд. Мунофиқ аз беимон ҳам бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашту дӯстро аз душан ташхис дод.

     Чунин як гурӯҳи мунофиқон солҳои навадуми асри гузашта дар кишвар пайдо гардида, барои дар амал татбиқ намудани сиёсатҳои ғалати худ амният ва осудагии мардуми азизро халалдор намуданд. Дар натиҷа мардуми заҳматкаш ва қишри поёнии ҷамъият осеби ҷиддӣ диданд. Бояд зикр намуд, ки барои бартараф намудани ҷанги шаҳрвандӣ нобиғаи аср Эмомалӣ Раҳмон тамоми талошҳоро ба харҷ дода, дар як вақти муайян гурезаҳоро ба хонаҳояшон бар гардонида, бар лаби мардуми тоҷик ханда оварда, чашми мардуми моро ба сӯи ояндаи дурахшон боз намуд. Сентябри соли 2015 собиқ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳояш бори дигар мехост ватани моро ба хун оғӯшта намояд, аз оне, ки дар натиҷаи таффакури ғалат ҳазорҳо одам кушта мешавад, ҳеҷ парвое надошт. Аммо мардуми баруманди тоҷик онҳоро дастгир накардан, чунки аллакай хубро аз бад, сиёҳиро аз сафедӣ ташхискарданро омӯхтаанд. Айни замон Муҳиддини Кабирӣ роҳбари фирорӣ баъд аз кӯшиши табадулоти давлатӣ ба хориҷа фирор карда, дар кишварҳои бегона дур аз ватан мехоҳад сухан намуда, дар байни ҷамъият тазод ва ногуворӣ ба вуҷуд оварад. Боиси қайд аст, ки имрӯзҳо Кабирӣ мехоҳад ақидаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбати Тоҷикистон дигар намояд, худро ҳомии дини мубини ислом нишондода, хостори он аст, ки ҳадафҳои нопоки худро зери сояи шариати ислом амалӣ намояд. Зеро ягона роҳи ба ҳадафҳои номатлуб расиданаш аз эътиқодоти динии мардум сӯйистифода намудан аст. Дар мавриди чунин шахсони Абусаиди Абулхайр чӣ хуб гуфтааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбе ки ҳаст дар мусалмонии мост.

    Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо шахсоне пайдо мешаванд, ки барои ҷоҳталабию мансабхоҳӣ аз тамоми имконот истифода мебаранд, ҳатто аз дин! Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки миллати тоҷик ба чунин дурӯғҳо ва сафсатаҳои Кабирӣ гӯш намедиҳанд, чунки ниятҳои ғаразонаи онҳо ба ҳамагон маълум гаштааст. Бинобар ин моро зарур аст, ки зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надода талош намоем, ки баҳри устувории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошем. Мавриди зикр аст, ки ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид. Дар охир аз забони Иқбол гуфтаниям:

Ин фитнагарон боз ба найранги дигар,

Доранд ба ҷойи оштӣ ҷанги дигар.

Назаров Н, Директори МТМУ №10-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.