Хоинони миллат ба ҳадафҳои ғаразонаи худ намерасанд

       ВОКУНИШ:Вазъи имрӯзаи ҷаҳон дар пасманзари шиддат гирифтани рақобатқои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва тавсиа ёфтани таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус, ҳамгирии Коронавируси нав, боз ҳам ноустувору мураккаб ва ҳассос гардидааст. Бемории COVID -19, ки дар ибтидо ҳамчун бӯҳрони соҳаи тандурустӣ сар зада буд, тадриҷан боиси бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявии ҷаҳонӣ гардид. Чунин вазъ, албатта, аз мо амалҳои ҳар чӣ бештар фаъол ва ҳамоҳангшударо тақозо менамояд. Дар ин робита, мо аз саъю кӯшишҳои Дабири кулл, ташкилоту бунёдҳо ва барномаҳои Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати расонидани кумаки фаврӣ ва дарозмуддат ба давлатҳои узв дар мубориза бо пайомадҳои гуманитарӣ ва иҷтимоиву иқтисодии COVID -19 истиқбол менамоем. Дар баробари мавҷи бесобиқаи бемории COVID -19, тавсеаи миқёс ва шиддати терроризму ифротгаройӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳона, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои муосир низ нигаронкунанда боқӣ мемонад.

       Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, то дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чи бештар саҳмгузор бошанд. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 29 сол хело зиёданд, ки ин пешравию шукуфоии Ватанро бархе аз бадхоҳон, хоинону ватанфурӯшон душманони дохиливу хориҷии миллату давлати Тоҷикистон ва хоҷагони бурунмарзӣ дидан намехоҳанд. Баъзе аз нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд.

      Яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз ба рӯз наздик мешавад, шахсоне, ки бо маблағҳои нафароне, ки намехоҳанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдат доимӣ пойдевору устувор бошад, дар сомонаҳои иҷтимоӣ баромадҳои иғвоангез намуда, ба фикри беақлонаи худ мардумро ба иғво меандозанд. Мо ба ин сагҳои дайду ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ҳайрон мешавем, ки ин ҳама гапи пучу бекори бадтинатону бадсириштон ба ки лозим, албатта ин ҳама баромадҳои ғайриақлонаи бадзотон танҳо ба хоҷагоне, аз берун ба онҳо маблағгузорӣ мекунанд, лозим мешаваду бас.

Ба мо ҳамагон маълум аст, ки ин Истиқлолияте, ки дар Ватани азизамон ҳукмрон аст, ба осонӣ ба даст наомадааст мо мардуми тоҷик бояд донем, ки соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи таърихиест, ки мардуми моро насиб гаштааст. Дар ҷомеае, ки имрӯз умр ба сар мебарем моро мебояд, ки бо рафтору одоби намунавии худ ба омӯзиши илмҳои муосир рӯ орем. Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад, як марҳилаи сифати нав дар пешрафти худшиносии миллиамон гардида, моро ба сӯйи созандагӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Мо бояд шукри сулҳу ободии Ватан намоему вақти қиматбаҳои худро ба манфиати миллат сарфа намоем. Мо ҷавонон тамоми амалҳои ноҷавонмардонаи Кабириву аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ҳизби ифлоси наҳзатро маҳкум намуда, барои рушди корҳои созандагӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро мегузорем

Каримзода А.Ҳ, директори МНДСЭ-и

ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.