ПАЁМИ Табрикотии раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин бахшида ба “Рӯзи забон”-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Баъди ба тавсиб расидани Қонуни забон дар иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 ин сана ба ифтихори бузургдошти забони давлатӣ ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллии мо ворид карда шуд. Дар ин муддат алалхусус дар даврони истиқлолият ин ҷашн дар саросари кишвар бо ширкати фаъоли тамоми шаҳрвандон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешуд. Ба ҳамин хотир баҳри рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ дар ҷомеа эҳтиёҷ ба қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" пеш омад. Бинобар ин 5 октябри соли 2009 баъд аз қабули Қонуни мазкур ин сана ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар кишвари мо эълон шуда, ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ба феҳристи ҷашнҳои кишвар ворид карда шуд.   Ин Қонун вазъи ҳуқуқӣ, истифода, ҳимоя ва дурнамои рушди забони давлатиро дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд. Қонуни мазкур дар асоси меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ дар иртибот ба вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ таҳия гардида, дар он меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо, аз ҷумла забонҳои аққалиятҳои миллии сокинони кишвар низ муқаррар гардидаанд.

     Бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро эҳё ва ҳифз намояд. Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Моро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз ин рӯ забони мо ва таърихи гузаштаи он дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асрии ҳамбастагии миллат мебошад. Гузаштагони мо ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои пеш аз мелод дорои як забони муштараки ориёӣ буданд. Забони ноби модариамон моро ба даврони бисёр дури таъриху фарҳанги мардумамон пайванд мекунад. Забони мо дар забони мақоми илм низ таҷрибаи тӯлонӣ дорад, ки инро осори илмии гузаштаи мо бо он ҳама шуҳрату маъруфияти ҷаҳонӣ собит намудааст. Забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён ва чанд асри дигар дар баробари забони арабӣ, ки ҳамчун забони илм пазируфта шуда буд, тавоноии хешро дар риштаҳои гуногуни илми он замон, ба хусус дар мисоли шоҳкориҳои Ибни Зиё, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Имом Термизӣ, Ҷурҷонӣ ва чеҳраҳои дигари илму адаб дар таърихи илмҳои тиб, дорушиносӣ, ҳандаса, ситорашиносӣ, кимиё, табиатшиносӣ, фалсафа ва ғайра ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

       Донистани забони модарӣ ин эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Падару модарони мо бояд муҳимтар аз ҳама барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки онро маъмулан забони модарӣ меномем кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд. Зеро насли имрӯза ва ояндаи мо дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огаҳ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем, ки дар тарбияи наслҳо дар руҳияи муҳаббат ба модар, Ватан ва Забони миллӣ, ки аз муқаддасоти миллӣ эътироф гардидаанд муваффақ шавем.         

     Метавон гуфт, ки дар даврони истиқлолият барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ марҳилаи нав оғоз гардид. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои рушди забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, ҳеҷ гуна мамонияте дар роҳи инкишофи забони давлатӣ мавҷуд надорад. Дигар рисолати муҳими олимони кишвар посу бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ, густариши доираи истифодаи он, суфтаву ғанӣ гардонидани забони адабӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҳёи фарогирии забони миллии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таъриху фарҳангӣ, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгони мо, ки дар ғанисозии тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд, соҳиби намудани мероси онҳо ва мубориза бо таърихнигорони таърихи пурифтихори халқамон мебошад.

       Таҷрибаи таърихӣ собит сохт, ки ҳар як миллат ва давлат бо доштани забони миллии худ устувор ва пойдор мемонад. Дар таърих мардумоне, ки аз худ осор ва тамаддуни бузург ба мерос гузоштаанд кам нестанд. Аммо бештари ин мардумони соҳибтамаддун ва соҳибдавлат имрӯз бо номи қавму миллати хеш дигар вуҷуд надоранд ва бо иллати аз даст додани руҳи миллии худ, яъне забони модарӣ аз саҳифаҳои таърих хориҷ шудаанд. Аз ин воқеияти таърих метавон чунин хулоса кард, ки маҳви забон дер ва ё зуд сабабгори маҳви миллатҳо ва мардумони соҳибзабон мегардад. Хушбахтона замони ба даст овардани истиқлолият забони тоҷик ба сифати забони давлатӣ дар корҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ мақому мартаба пайдо карда, дар соҳаҳои коргузориву эҷодӣ, қонунҳо, илму маориф, фарҳанг ва робитаҳои дохиливу хориҷии кишвар ба таври васеъ мавриди истифода қарор гирифтааст.

       Истиқлолияти миллӣ барои ташаккул ва рушди минбаъдаи забони давлатӣ ва меъёрҳои адабии он ҳамаи шароитҳои мусоидро фароҳам оварда ва ҳамагуна маҳдудияти монеаҳоро дар роҳи ташаккули забон бартараф намуда, онро ба шоҳроҳи нави тараққиёт раҳнамун сохт. Мо бояд забони давлатиамонро мисли оина поку пурҷило нигоҳ дорем ва онро аз ҳар гуна олоишу омехтагиҳои нозарур ҳифз намоем. Ҳар як фарди бонангу номус ва солимфикру огоҳи ҷомеа дар хотир дошта бошад, ки маҳаки асосии афкори ҷомеаи моро сухани созандаю омӯзанда ташкил диҳад ва он ба манфиати халқу ватани соҳибистиқлолу тамаддунофари азизи мо хизмат намояд. Дар фарҷом ҳамаи шуморо ба ифтихори ин рӯзи фархунда, бузургдошти Забони давлатӣ табрик намуда, ба ҳар як фарди соҳибзабону ватандӯст сиҳатмандӣ ва пирӯзиро орзумандам.

       Бигузор забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, нишони давлату давлатдории миллӣ ва чун рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии ҳамаи сокинони кишварамон ҳамеша устувору поянда бошад.

Ҷашни Рӯзи забони давлатӣ муборак  ҳамдиёрони азиз!

            

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.