Имрӯз, бахшида ба “Рӯзи забон”-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, чорабинии идонаи маънавию-фарҳангӣ баргузор гардид.Инчунин дар чорабинӣ роҳбарони ташкилоту идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ ва нависандагону шоирон иштирок намуданд. Чорабинӣ бо риояи беҳдошти тиббӣ санитарӣ ва риояи масофа ҳангоми нишаст доир гардид. Сараввал бо суханӣ табрикотӣ раиси ноҳия баромад намуда, тамоми иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияро бо “Рӯзи забон”-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, қайд намуданд, ки забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Моро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз ин рӯ забони мо ва таърихи гузаштаи он дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асрии ҳамбастагии миллат мебошад. Гузаштагони мо ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои пеш аз мелод дорои як забони муштараки ориёӣ буданд. Забони ноби модариамон моро ба даврони бисёр дури таъриху фарҳанги мардумамон пайванд мекунад.
Забони мо дар забони мақоми илм низ таҷрибаи тӯлонӣ дорад, ки инро осори илмии гузаштаи мо бо он ҳама шуҳрату маъруфияти ҷаҳонӣ собит намудааст. Ҳамзамон дар чорабинии идона Усмон Билолӣ шоир, нависанда, узви иттифоқи нависандагони вилояти Хатлон ва якчанд омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ баромад намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ аҳли санъати ноҳия баҳри болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ, гулдастаи ҳунариро пешкаш намуданд.