Вокуниш: Ифродгароёни фиребкору найрангбози ТЭТ ҲНӢ

     Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризму экстремизмро “Таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ” ва “душмани бераҳму шафқат ва маккор” унвон карда, бори дигар ба ниҳодҳои марбута ва дар умум, ба ҳар кадоми мо ҳушдор додонд, ки бояд дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарзотаини ҷаҳони имрӯза саҳлангориро канор гузорем. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди миллати мо дар тӯли ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу гиромидошти он қарзи шаҳрвандии мост. Аз ин рӯ, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир аз мо беш аз ҳарвақта ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд. Мо бояд ватандори ҳақиқӣ будани худро собит карда тавонем.

      Дар ҳақиқат, кушишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти кишвар дар ҷодаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус шоистаи таъкиду зикр ва таҳсин мебошад. Ҳамагон шоҳиди бевоситаи тариқи корвонҳои махсус озими шаҳру навоҳии кишвар гардидани кумакҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили маводи озуқаворӣ, доруворӣ ва ғайра дар шароити вазнину ҳассос гардидем, ки рӯҳияи мардуми шарифи кишварро болида гардонида, ҳар як сухани нерудиҳандаи Сарвари давлатамон ба беморону барҷомондагон умеди шифо бахшид ва дар маҷмуъ қалби мардумро ба зиндагонӣ ва талош барои ҳаёти арзандаву сазовор боз ҳам гармтар сохт.

       Мардуми сохибфарҳанги тоҷик бо илҳом аз ин иқдомҳои дурнигаронаи Пешвои маззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, даст ба дасти ҳам гирифта, баҳри мубориза бо ин вабои аср камари ҳиммат бастанд. Аммо хоинону бадхоҳони миллати тоҷик, аъзо ва пайравони Ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом ҳатто дар ин рӯзҳои вазнину душвор, на танҳо паҳлӯи ҳамватанон набудаднд ва ё аз аъмоли разилонаашон даст накашиданд, балки ин нотавонбинон ҳатто дар ин рӯзҳо мардумро ба гирдиҳамоиву нотинҷӣ ва нобасомониҳо даъват карданд. Бисёр дарднок аст, чунин нафароне, ки ҳар як қадамашон даҳшату ваҳшат ва ҷиноят аст, боз барои хеш ҷонибдор низ меҷӯянд. Умед аст, ки ҳар як шахси ҷонибдори онҳо низ назди қонунҳои амалкунандаи кишвар ҷавоб хоҳанд дод. Чунин нафарони шӯрангезу хиёнаткорро дар охират низ азоби ниҳоят сахт интизор аст. Фикр мекунам, ки мардуми босаводу боақли мо фирефтаи фиребу найранги ифротгароён намешаванд ва ба ҳар ҳарфи беҷои онон бовар намекунанд.

 

Давлатзода М., Сардухтури беморхонаи

марказии ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.