Вобаста аз субъектҳои фаъолияти террористӣ ва самтҳои расидан ба мақсадҳои муайян дар замони муосир шаклҳои гуногуни терроризм вуҷуд дорад, ки монанди инҳо мебошанд: Терроризми дохилидавлатӣ - фаъолияти гурӯҳҳои махсус ташкилшудаи террористӣ ва террористони алоҳида, ки амалҳои худро барои расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар қаламрави як давлат ба амал мебароранд. Терроризми сиёсӣ - ин истифодабарии террор бо мақсадҳои сиёсӣ. Барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ одамони зиёд объекти амали террористӣ қарор дода мешаванд ва террористон амали хешро бо бе- раҳмию хунрезии зиёд ба иҷро расонида кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳокимият, қувваҳои сиёсӣ ва аҳолӣ ҳарчи зудтар талабҳои онҳоро иҷро намоянд. Маҳз аз ҳамин сабаб террористони сиёсӣ бемористонҳо, таввалудхонаҳо, кудакистону мактабҳо ва биноҳои истиқоматиро объекти амалҳои бадкирдоронаи худ интихоб мекунанд. Терроизми сиёсӣ аз ибтидо қурбоншавии одамони зиёдро тарҳрезӣ мекунад. Новобаста аз сабаб ва мақсад терроризм ҳамчун ҷиноят бандубаст шудааст.
Терроризми байналмилалӣ - фаъолияти гурӯҳҳои махсус ташкилшудаи террористӣ, ки амалҳои худро барои расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар қаламрави давлатҳои гуногун ба амал мебароранд. Ду даҳсолаи охир ҳамин намуди терроризм доманадор гашта, тахдиди умумибашарӣ пайдо кардааст. Терроризми байналмилалӣ сохтори давлатию сиёсиро ноором сохта, зарари зиёди моддиву маънавӣ мерасонад, боиси нобудшавии ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ гашта, дар муносибатҳои байналмилалӣ душворию хатар эҷод менамояд. Ба ин намуди терроризм пеш аз ҳама ба ном Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва “Ал Қоида”ро дохил намудан зарур аст. 11 сентябри соли 2001 дар ИМА аз ҷониби “Ал Қоида” амалҳои террористӣ роҳандозӣ шуданд, ки боиси талафоти зиёди ҷонию моддӣ гардиданд. Терроризми миллӣ (миллатчиён) фаъолияти ташкилотҳои (гурӯҳҳои) махсус ташкилшудаи террористӣ, ки барои миллати хеш ташкил намудани давлати алоҳидаю мустақилро мақсаду ҳадафи асосӣ медонанд. Онҳо амалҳои хешро “озодии миллӣ” меҳисобанд. Шумораи зиёди террористони миллатгаро худро муборизони озодии халқи хеш медонанд. Одатан ин намуди терроризм дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорон пайдо мекунад. Терроризми динӣ фаъолияти ташкилотҳои (гурӯҳҳои) махсус ташкилшудаи террористӣ, ки қувваю зуровариро дар роҳи расидан ба мақсадҳое, ки ба ақидаи онҳо Худо муайян намудааст, истифода мебаранд. Ба ин васила онҳо мақсад мегузоранд, ки тағиротҳои куллиро дар миқёси умумибашарӣ амалӣ намоянд. Терроризми динӣ ба дину мазҳабҳои гуногун алоқаманд буда, нисбати дигар шаклҳои терроризм бештар доман паҳн менамояд. Терроризми ифротгароёни чап фаъолияти гурӯҳҳои махсус ташкилшудаи террористӣ, ки амалҳои худро барои нобудсозии сохти сармоядорӣ ва иваз намудани он ба тартиботи коммунистӣ ё сотсиалистӣ равона менамоянд. Ифротгароёни чап одатан аҳолии осоиштаро қурбонии истисмори сохти сармоядорӣ дониста, аз амалҳои террористӣ нисбати аҳолии осоишта худдорӣ мекунанд. Онҳо одамони сарватмандро медузданд. Терроризми ифротгароёни рост фаъолияти гурӯҳҳои махсус ташкилшудаи террористй, ки амалҳои худро барои нобуд кардани ҳукуматҳои демократӣ фашистӣ равона месозанд. Ифротгароёни рост одатан гуруҳҳои номуташакил мебошанд. Ифротгароёни рост ба муҳоҷирону гурезагон нафрату бадбинӣ дошта, онҳоро мавриди ҳуҷуму тахдид қарор медиҳанд. Дар замони муосир хатару тахдиди шаклҳои нави терроризм аз қабили терроризм бо истифодаи аслиҳаи ҳастаӣ, терроризм бо истифода аз моддаҳои заҳролудкунанда ва терроризми иттилоотӣ беш аз пеш зиёд мегардад.
Шоҳонаи Зайниддин, сармутахасиси бахши
кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён