Бо мақсади ошкорсозии амалҳои хиёнаткоронаи роҳбарият ва аъзоёни собиқ ТЭТ ҲНӢ, тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, марҳила ба марҳила дар деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия намоиши филми мустанади “Хиёнат” баргузор гардида истодааст. Намоиши аввали ин филм дар деҳаҳои Дониёркул, Навҷувон ва Ҳофизи Шерозии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод доир карда шуд, ки дар он тамоми фаъолони ин деҳаҳо иштирок намуданд.