Вокуниш: Ба иғвогариҳои душманони миллати тоҷик, пас аз тамошои силсилафилми “Хиёнат”

Ҳар кӣ бо душмани халқ равонаст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари худ чу гирдоб хӯрад.

     Имрӯз ҷумҳурии азизи мо дар арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии худ қарор дорад. Халқи тоҷик зиндагонии осоишта ва пурнишот дорад. Тамоми сокинони ватан барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни бошукӯҳ омодагӣ дида, истодааст. Сатҳи зиндагии мо рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст. Ҳамаи ин пешравиҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чашми ҳасудон – душманони кишвари азизи мо ҳамчун хор мехалад. Душманони мо ба ҳар баҳона борони туҳмату дасисаро ба киштзори сабзу гул – гулшукуфони мо рехтан мехоҳанд. Онҳо дар симои узви Ҳизби фаъолияташ мамнуъгардидаи наҳзат бо мадади хоҷагони хориҷиашон тухми адовату тафриқандозиро дар байни мардум минтақаҳои гуногун киштан мехоҳанд. Аммо халқи тоҷик мардуми солҳои 90 – уми асри гузашта нест. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамсафони ӯ ин тарафи масъаларо дарк накардаанд. Пас аз тамошои силсилафилми “Хиёнат” сокинони кишвар аз мақсаду мароми душманон хуб воқиф шуданд. Имрӯз дигар модари тоҷик намехоҳад, ки доғи фарзанд рухсораашро тар намояд, ҷавонон роҳ намедиҳанд, ки айёми хуши ҳаёташон дар фазои вазъи нохуш гузаронданд. Махсусан, имрӯзҳо, ки сокинони Тоҷикистони азиз, дар маъракаи интихоботи навбатии Президенти кишвар қарор дорем, ҳамаи мо яктану якҷон, бар зидди ҷудоиандозию дасисабозон истода, аъмоли зишти онҳоро маҳкум менамоем.

Муассисаи таълимии миёнаи умумии №18

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.