Дасти хоинонаи Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни гурӯҳаш, ба сари халқҳои Тоҷикистон бадбахтиҳо овард

     ВОКУНИШ: Ташкилоти террористи экстремистии собиқ ҳизби наҳзат, таҳти роҳбарии шахси ватанфурӯш Муҳиддин Кабирӣ, замоне Тоҷикистони маҳбубамонро ба гирдоби бало кашидаву рӯзҳои сахту шумеро ба сари халкҳои он пеш овард. Шароити мураккаби сиёсии ватани азизамон заминаеро ба вуҷуд овард, ки замоне ва лаҳзае пасон давлати Тоҷикистон ба шикаст рӯ ба рӯ гардида, аз байн мерафт. Дасти хоинонаи Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни гуруҳаш ба сари халкҳои Точикистон бадбахтиҳо оварда, ҳазорҳо ҳазорҳо нафар сокинони минтақаҳои гуногуни давлатамон аз солҳои 90-ум то ба имрӯз фирефтаи ин дипломати ватанфурӯш гардида, ба доми маргу нести афтодаанд. Дасти разилонаи Кабирӣ дар ҳар як оилаи гӯшаи диёри махбубамон осори ғамангез ва фоҷеабори худро гузоштааст. Ҳар аъмоли неку бад мукофоти худро дорад. Ва дар таҷрибаи рӯзгор боре нашуда, ки нияти нопок ба пирузӣ комёб бигардад. Идеяи сӯзандаву вайронкоронае, ки дар қалби сиёҳӣ Кабирӣ парвариш ва туғён дорад, ҳечгоҳ ва ҳеҷвақт фуруғро нахоҳад дид! Таъсиси паймони миллии Точикистон бахонаест, ки бо номи он Кабирӣ аз худ чеҳра, намо ва сарваре бисозад ва худро муаррифӣ намояд. Аҷиб аст, ки ҳамагон дарк кардаанд, ки ҳама рунамоиҳош сохтаву пучу қолабист! Баромади Кабирӣ дар арафаи интихобот, дар донишгоҳи Ҷорҷи Има бори дигар собит кард, ки Кабири ҳамаи арзишҳо ва рукнҳои муқаддаси милливу давлатиро зери по кардаву, дастовардҳои бузурги замони истиқлолиятсозиро нодида гирифта, аз мушкилотҳои ватани маҳбуби мо дар ҳузури шабакаҳои гуногуни хориҷӣ арз кард. Мо, Тоҷикистониён барои ҳимояи арзишҳои мубораки милливу мазҳаби, неъматҳои бузурги замони истиқлолият ҳамеша омода ҳастем ва музаффариятҳои беназири Тоҷикистонро чун гаҳвараки чашм ҳифз менамоем! Пешвои миллат барои мо сармоя ва сарвати давлату миллат дониста шуда, барои ҳифзаш ҷони худро дареғ намедорем!

Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.