Вокуниш бар зидди хоини халқу миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ

     Миллати тоҷик ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид, ки зарари ин ҷанги хонумонсӯз ба ҳар як оилаи тоҷик расидааст. Яке писарро дигаре падарро ва сеюмин ёру бародарро аз даст додаанд. Хоинону душманони миллати тоҷик мехостанд ин халқу миллатро тору мор карда аз байн баранд. Бо амри Худованди бузург аз байни халқ шахсеро ба мо ато намуд, ки ин миллат ва давлати тоҷикро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Барои доғдор намудани ин миллату давлат душманони дохилие, ки бе нангу, беномусанд дар таҳти хоҷагону хориҷӣ аз пушти навси худ санги маломат бар сари тоҷику, Тоҷикистон мезанад, ба чунин хоинони миллат алалхусус Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз номи ҷамоатчигии Ҷамоати деҳоти «Ориён» ва халқи пуршарафи Тоҷикистон гуфтанием - “Эй Муҳиддин Кабирӣ ту магар тоҷик нестӣ? Намебинӣ, ки халқи тоҷик дар оромию, осудагӣ зиндагӣ доранд. Бо ғамхориву, дастгириҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқу- миллаташ ҷони худро дареғ надошта ҳамаи халқи тоҷикро сарҷамь намуданд. Бо ташаббусу ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як Ватани биҳиштосо ва тамаддунофар табдил ёфта сулҳу амонӣ пойдор аст. Ба Кабирӣ гуфтанием, ки вай дин, мазҳаб, миллату Ватан надорад ва худ инсон нест. Шахсе, ки сангу маломат ба миллату Ватани худ мезанад ва ба Ватану, модар хиёнат мекунад, ин аз рӯи одоби инсонӣ нест. Худ қазоват кунед,ки Кабирӣ худ кист?Ва ба Ватанамон Тоҷикистон чӣ корҳои нек кардааст куҷое, ки Кабирӣ бошад, он ҷо ҷангу ҷидол, ҷудоиандозӣ, ғаму андуҳ мебошад. Дар ҷое, ки қадами мубораки ғамхоронаи Пешвои миллат мерасад, он ҷо бунёдкорию созандагӣ, ғамхорию меҳрубонӣ нисбати Ватан ва миллати худ ҷой дорад. Мо халқи пуршарафи Тоҷикистон бо боварии том баҳри гулгул шукуфоии Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳем ва намегузорем, ки хоинони миллат ба Ватани азизамон осеб расонанд. Мо бо Пешвои миллати худ ифтихор дорем мо дар гирди Пешвои муаззами миллат будем ҳастем ва мемонем.

Сарвиноз Сарихонова, муовини раиси Ҷамоати деҳоти «Ориён»-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.