«ТЭТ ҲН – Ташкилоти террористӣ ва хатари он дар ҷомеа»

    Аз рӯи ин мавзӯъ, ки 29 сентябри соли 2015 ҳаракатҳои ҷинояткоронаи террористии Муҳиддин Кабирӣ бо далелҳои қотеъ исбот шуданд аз ҷониби суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қатори 16 ҳизбу ҳаракати террористию экстремистӣ мамнӯъ эълон гардид. Ҷудоихоҳон ва ҷаллолдони асри ХХI бо ҳаракатҳои бе ҷои худ амнияти босуботи кишварро халалдор намуда истодаанд. Ин ҳам бошад гурӯҳӣ ҷинояткорон дар ноҳияи Данғара, ки ба сайёҳони хориҷӣ ҳамлаи бераҳмона намуда, ба фоҷиаи ғамангез боис гашт. Ва инчунин рӯзи 11 сентябри соли 2018 дар Варшава муноқишаи мухолифину ҳукумат сар зад, ки ин тазодҳои бо хоку хун оғушта номи тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ паст мезананд. Масалан тариқи видеоӣ маълум гаштааст, ки яке аз мухолифин-Сулаймони Орзу ба дасти Аёмиддин Сатторов собиқ узви раёсати ҲН навиштаҷоте рӯи қоғаз бо матни «Зиндониҳои сиёсиро озод кунед» дода хостааст акси ӯро бигирад ва дар натиҷа муноқиша сар задааст. Аз ин муноқиша ва гуфтаҳо бармеояд, нафарони хиёнаткор ва ба хоку хун оғушта, ки нияти бадбинӣ ба Тоҷикистони азизи мо доранд ва дар шаҳрҳои ғарибӣ умр ба сар бурда истодаанд ҳеҷ гоҳ аввал рӯи хушро набинанд баъдан роҳи бозгашт надоранд. Ин бетартибиҳое, ки дар давлатҳои дигар аз тарафи сиёҳкорони мухолиф ташкил карда мешавад ба касе лозим аст. Ба саркардаи онҳо гуфтани ҳастем, ки Шуморо ҳайфи номи тоҷик кунад, ҳайфи обу хоки Ватан, ҳайфи Тоҷикистони биҳиштосо кунад. Бадхоҳони миллат ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасанд ва ҷои онҳо дузах аст. Мо коллективӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ба чунин хулосае омадем, ки бадхоҳони миллатро-Худованд ҷазо диҳад. Ва онҳо бо ном хиёнаткорони миллат сиёҳкорон ва дузахӣ шинохта шаванд. Мо коллективи омӯзгорон тасмим гирифтаем, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки ин тоифаҳои номусулмон ҷомеаи моро хароб гардонанд ва бар зиди онҳо муборизаи бе амон бурд. Ва мо бояд ҳама аз як гиребон сар барорем. Мо ҳама бояд дар гирду атрофи ватани ҷоно-ҷонамон муттаҳид гардем. Ва Худованд- Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро соябон ва пуштибони мо гардонад. Дар охир гуфтани ҳастем, ки касе ба қадри Ватани хеш намерасад, ба қадри истиқлолият ва шукронаии ватани хеш намерасад, кӯру бе нишон гардад.

Исмоилов Ҷ, Директори МТМУ №9-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.