Вокуниш ба дасисакориҳои Муҳиддин Кабирӣ

    Омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолии мардум ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ, бори дигар собит кард, ки сокинони сарбаланди Тоҷикистон ҳамдилу ҳаммароманд. Онҳо ғояи ваҳдати миллӣ, манфиатҳои миллию давлатиро амиқ дарк карда, ба воқеият аз рӯи ақли солим баҳо медиҳанд. Ба хотири ояндаи дурахшони халқу Ватан ҷаҳду талош мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки халқҳои Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ ва азҳоби сиёсии дар кишварамон амалкунанда, дар ҳалли масоили мубрами давлатсозӣ, миллатсозӣ ва густариши демократия ҳамназаранд ва дар заминаи рушди ваҳдат дар ҷомеаи демократии Тоҷикистон фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Ин омили муҳим душманон ва бадхоҳони миллат, махсусан узви ҳизби мамнуъ ва террористии наҳзати исломӣ, Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Аз он наҳзатиён дар байни мардуми Тоҷикистон обрӯ надоранд, роҳбари ин гурӯҳи ифротӣ Муҳиддин Кабирӣ, дар арсаи байналмилалӣ бозори дурӯғу фитна ва дасисакориро вусъат бахшида, пешрафтҳои Тоҷикистон ва комгории мардуми шарифи Тоҷикистонро нодида мегирад. Кабирӣ гоҳ аз риоя нагардидани ҳуқуқ, гоҳе аз риоя нашудани қонун ҳарф зада, рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи муосири Тоҷикистонро намебинад, кӯр- кӯрона бе ягон асосу далел худро ҳақ бароварданӣ мешавад. Вале сокинони Тоҷикистони офтобрӯя дурӯғгӯи ва фитнагар будани узви ин ҳизби мамнуъ ва ифротиро медонанд. Наҳзатиён аз рӯзи аввали ба арсаи сиёси омаданашон ба казбу дурӯғ ва хурофот такя мекунанд ва чархи таърихиро ба ақиб бурданӣ мешаванд. Аз ҳама дарднок ва аламовар он аст, ки наҳзатиён ба руӣ манфиатҳои миллии мо тоҷикон хати бутлон мекашанд, андешаи бегона, идеологияи ғайрро тарғиб мекунанд. Ин рафтори онҳо собит менамояд, ки онҳо андешаи миллии моро эътироф накарда, супориши хоҷаҳои хориҷии хешро иҷро менамоянд. Доираҳои моҷароҷӯ ва манфиатдори муайян аз мавқеи ноустувори ин ҳизб мамнуъ истифода бурда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои ғаразноки хеш аз ғуломтабиатӣ ва беасолатии наҳзатиён дар Тоҷикистон ва минтақа истифода кардан мехоҳанд.Собит шудааст, ки ҳизби дар Тоҷикистон қонунан манъшудаи наҳзати исломӣ бо гурӯҳҳои исломгарову ифротии ҷаҳон алоқа дошта, дар бозори ватанфурӯшӣ боз баланд кардаанд. Онҳо ватандор нестанд, ватангадоанд. Ва ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои ғаразнокашон расида наметавонанд. Рӯди ҳаёт бо талотуму туғён пеш меравад, хасу хошок ва партовҳоро аз маҷрои хеш гирифта дур мепартояд. Аллакай дарёи хурӯшони зиндагӣ наҳзатиёнро ба канор афканда, худро поккорӣ карда, ба сӯи ояндаи шукуфон ҷорист.

   Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯзҳо дар атрофии ҳукумати мамлакат муттаҳид гардида, як тану якҷон ба он мекушанд, ки маъракаи муҳими сиёсиеро, дар сатҳи баланд гузаронанд. Маъракаи интихоботи Президент аз оғоз, дар асоси талаботи қонуни конститутсионии ҷумҳурӣ, дар бораи интихобот ҷараён гирифта азҳоби сиёсии дар ҷомеаи имрӯза фаъол номзадҳои хешро бо роҳи қонунӣ ба мансаби Президентӣ пешбарӣ кардаанд.

Дар асосҳои қонунӣ ва баробар мавқеи хешро тарғиб мекунанд. Барои ҳамаи номзадҳо шароити якхелаи фаъолият ва тарғиб ба вуҷуд оварда шудааст.Таҳлили рафти маъракаи интихобот нишон медиҳад, ки принсипи баробариву бародарӣ, дар байни халқу миллатҳо ва қавму қабилаҳои сокини Тоҷикистон дида мешавад ва қонунҳои амалкунандаи кишвари мо баробарҳуқуқии ҳамаи сокинони мамлакатро кафолат медиҳанд. Ин кафолат, кафолат ба ояндаи дурахшон ва зиндагии шоиста хоҳад буд.Маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдилию ҳамраъйӣ ва муттаҳидии халқҳои Тоҷикистонро тақвият хоҳад бахшид.

Абдуллоева. Р, мудири китобхонаи Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён

 

 

Миёна: 4 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.