ХИЁНАТ БА ВАТАН, ГУНОҲЕСТ КАБИРУ АВФНОПАЗИР

      Рости дидани филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, агар аз як тараф ҳамаи ҷароҳатҳои солҳои 1990-ро дар қалби занону модарон тоза намояд, аз тарафи дигар пеш аз ҳама занонро ҳушдор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошанду ба доми ин гуна хоинони ватанфурӯш наафтанд ва нагузоранд, ки ба фазои сулҳу ором ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азизамон халал ё зараре ворид шавад, чунки хиёнат ба Ватан гуноҳест кабиру авфнопазир. Дар давраи соҳибистиқлолии Ватан ҳамаи мо медонем, ки таваҷҷӯҳи сарвари давлат Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан-модар хело зиёд шуда чандин қарору фармонҳо оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба имзо расиданд. Бояд қайд намуд, ки занону модарони мо имрӯзҳо дар баробари мардон дар тамоми вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ кору фаъолият доранд. Дар тули таърих занони боиродаву дурандеш, хирадманду закӣ ва бо истеъдоду худафрӯз бо ҳидояту пайкори хеш тавонистаанд, зиндагии худ ва атрофиёнро мунаввар созанд. Дар воқеъ зан оинаи оила ва миллат аст. Қалби пурэҳсоси зан саршори меҳру сафо аст ва онҳо метавонанд ба ин васила дар пойдории ватани азиз саҳми бо сазое гузоранд. Фарзандони худро дар роҳи худшиносии миллӣ, дӯст доштани Ватан, эҳтирому гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ тарбия намоянд. Зани тоҷик дар тӯли таърих исбот кардааст, ки ӯ олиҳа ва нигоҳдорандаи забону миллат аст. Мо занону модарон бояд тамоми кӯшишу ғайратамонро ба он равона созем, ки фарзандони мо пеш аз ҳама ҳушёру зирак бошанду ба доми фиреби ин гуна хоинони ватанфурӯш наафтанд ва нагузоранд, ки ба фазои сулҳу оромӣ ва рушду шукуфоии Ватани азизамон халале ворид шавад. Барои ҳимояи чунин Ватани ободу осуда бояд ҳар як узви оила ва хонадонамон ҳамеша ба ҷон омода бошем, чунки хиёнат дарси ибратбахши таърихие аст барои насли наврас ва ояндаи онҳо. Занону модарон ба фарзандони худ бояд фаҳмонанд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи сулҳу дастовардҳои бузург ба осонӣ ба даст наомадааст ва моро зарур мебояд, ки онҳоро азиз бидорему чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Изатуллозода Б, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.