Ҳар амали бад бе ҷазо намемонад!

   ВОКУНИШ: Сиришти инсон ба он хотир аз гул офарида шудааст, ки ҳалиму хоксор ва фурутаниро дар ниҳоди худ ҷой диҳад. Ҷаҳлу нодони ба инсонҳои рост меояд, ки бидуни худро фаромуш кардаву ба ҷони ҳазорон нафарон зулму ситамро раво дода хуни ноҳақ мерезанд. Куштору хунрезӣ овардан ба хеши суни маҳзаб намезебаду фалокат боқи мемонад. Дар ин бора дар китоби муқаддаси Қуръони Карим омадааст «Ва ҳар ки мӯминеро барқаст бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳанам аст, ки дар он абади хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гираду лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад» (сураи Анбиё) модоме ки Муҳиддин Кабирӣ додгоҳи Ислому ақоиди каломи осмониро тараф дори кунад чаро боиси кушта шудагони бандаҳои Худо гашт?

     Ватандорӣ аз гӯшаӣ имон бошад, чаро Кабирӣ дар хориҷи кишвар нисбати гӯшаи имон сунатҳои поку беасарро аз забони касифаш баланд мекунад? Пуштибону ҳифзнамои дин ва давомдиҳандагони китоби Худо ва расме Худо Муҳаммад (с.а.в) бошад бояд зинда гурондани як фарди бегуноҳи ҳамватани худ чи маъно дорад? Кабирӣ боят инро донад. Халқу милати азият дида ӯро намебахшад. Давлат ва ҷомеаи хориҷ ба ӯ вафодорӣ намекунад. Назди Худо ва китоби муққаддаси Қуръон муҷрим шуд. Боғи бунёд кардаи ӯ танҳо талхмева ба бор меорад. Ба мақсадҳои нопокаш русиёҳ мемонад.Тоҷик будану мусулмон эътироф шуданро ифлос кард. Сару созаҳои ӯ ба ҳеҷ ҷой намерасад пируз ҳам намешавад. Ҷабру ситами ӯ нопойдор хоҳад монд.

    Ҳукумати Тоҷикистон бо Пешвои муаззами худ роҳ ба ояндаи некро дар пеш дорад Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳеҷ гоҳ иттиҳоду ягонагии мардуми бо саодати диёрро пароканда карда наметавонад. Мардуми кӯҳанбунёд акнун сиёҳро аз сафед, хайрро аз шар дӯстро аз душман хуширо аз шурбахтӣ ҷудо карда метавонад. Ҳар фарди бедордили кишвар ба қадри дастовардҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон алалхусус заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмонро қадр менамояд ва содиқона хизмат намояд. Ҷуриши Кабирӣ кабир шуд ва дониста бошед, ки ҳар амали бад бе ҷазо намемонад. Ба қавли устод Рудакӣ :

Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,

Наздики Худованд, бади нест фаромӯш.

Мамадғафурова . М, мудири китобхонаи деҳаи С. Айнӣ Ҷамоати

деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.