Вокуниш: Миллати мо оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро хуб медонад

    Халқи тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-умин сол аст, ки ба пеш, барои ояндаи дурахшон ва зиндагии шоиста фаъолият дорад. Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як фарди ҷумҳурӣ маълуму машҳур аст. Миллати мо оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро хуб медонад ва ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки бори дигар мардуму меҳани азизро вартаи нобудӣ созад. Аъзоёни ТЭТ ҲН, ки айни ҳол дар дигар давлатҳо сару садо баланд карда истодаанд ва ба боварии комил гуфта метавонам, ки мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин хоинони миллат ва носипосро ҳеҷ гоҳ эътироф нахоҳанд кард. Аллахусус носипосӣ ва ношукрии Муҳиддин Кабириро. Мо аҳли кормандони муассисаи таълимӣ амалҳои ноҳақу носавоби собиқ аъзоёни ҳизбӣ наҳзатро маҳкум намуда, гуфтанием: “Барои миллати худ зулм накунед. Тоҷикистони ободу гул-гуншукуфтаи мо шоистаи дастгирии иқтисодиву сиёсӣ ҳаст. Ватанро бо ҳам ободтару зеботар кунем, то наслҳои оянда аз мо ифтихор намоянд. Касе, ки ба миллати худ, ба Ватани худ хиёнат мекунад, нобахшиданӣ аст. Дигар халқи азияткашидаи тоҷик ба сафсатаю гапу корҳои бофтаи онҳо (собиқ ҳизби мамнуъшудаи наҳзат) бовар надоранд ва онҳоро даъват мекунем, ки аз ин роҳ баргашта, ба Ватани худ ва аҷдодони хеш содиқона хизмат намоянд.

С. Орифов, директори МТМУ № 40-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.