Муҳиддин Кабирӣ-хиёнатгари давлату миллат

      ВОКУНИШ: Муҳиддин Кабирӣ ба халқу ватани худ хиёнат карданро сар кардааст. Муҳиддин Кабирӣ муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва аз хориҷа истода обрӯи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дурӯғи бемаънияш дар арсаи ҷаҳонӣ паст кардан мехоҳад. Новобаста аз таҷдиду ҳаракатҳои собиқ ТЭТ ҲН итминон дорем, ки ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бе бозгашт буда, халқи мо бо азму талошҳои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад. Саҳми арзанда ва хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоати қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад. Ва имрӯз он дасисабозиҳои хоинони миллат, ки нисбати халқи мо мекунад ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасад. Беҳуда бузургон нагуфтаанд: Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасанд. Тавре ҳамаи мо иттилоъ дорем собиқ раиси Ҳизби Наҳзат, Муҳиддин Кабирӣ чанд маротиба аст, ки ба воситаи шабакаҳои интернетӣ гӯё гуфтугӯи рӯ ба рӯ анҷом дода истодааст. Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии навбатиаш болоравии нархи интернетро баҳона карда, хост аҳолии кишварро, махсусан ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли моро ба доми худ кашад ҳатто парда пӯшонад мардумро даъват намуд, ки алайҳи Ҳукумати кишвар гирдиҳамоиҳо ташкил кунад. Умуман суханрониҳои М. Кабирӣ бар аъло эҳсос мешавад, ки ҳадафи аслии ӯ ҷоҳталабӣ, иғвогариву тафриқаандозӣ байни мардум мебошад. Ӯ мехоҳад, ки таҷрибаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳандозӣ кардаи Ҳизби наҳзатро бори дигар идома дода, барои мардумро гумроҳ кардан саъю талош варзид.

    Ҳаргиз аз роҳи бадӣ мақсади кори худ маҷӯ, як бадӣ хоҳи ба кас, даҳчанд баргардад ба ту: Шоми 23-юми апрели соли 2019 аз телевизион эълон гардид, ки нархи интернет баланд нахоҳад шуд ва ҳамчунин зикр карда шуд, ки бо сохтани зиндагии мардум фаъолият мебурд, дар асл чи нияту мақсади разилона ва кашф доштааст. Маълум гардид, ки роҳбари ТТЭ ҲН, Муҳиддин Кабирӣ бо ҷамъи ҳампаймонҳояш ва дастгоҳҳои таблиғотиву ташвиқотияш бар ивази маблағ кӯшиши ноором сохтани фазои кишварро намуда, ҳадафҳои хоҷаҳои хориҷии хешро татбиқ кардан мехостааст. Кабирӣ фурухта шуда, миллионҳо долларо барои мақсадҳои касифона худ ба даст оварда, бо ин маблағҳо зидди миллату давлат ва халқи Тоҷикистон сар бардоштан мехостааст. Дар филми Хиёнат даҳҳо далели ба ин монанд ошкору ба намоиш гузошта шуд, ки ба осиёби ниятҳои касифи аъзоёни ин ташкилоти ифротӣ, ки айни замон дар хориҷи кишвар аз пайи иҷрои онҳо ҳастанд, об рехт. Мо тоҷикон мақоли хубе дорем, ки мегӯянд: Офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Дар ҳақиқат филми Хиёнат симои аслии ин гурӯҳро пурра ба намоиш гузошт. Ҳоло дигар Кабирию ҳампаймониҳояш ба ҳеҷ баҳонае наметавонанд худро сафед кунанд, зеро тамоми амалҳои хиёнаткоронааш бозшумори гардид ва тамоми мардум аз он огоҳ гардиданд. Филми Хиёнат ҳамчунин далелҳои наверо аз даврони ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ ба намоиш гузошт, ки гиреҳи ҳақиқатҳои нокушодаи он замонро боз намуд. Чи тавре, ки аъзоёни собиқ ва боздоштшудаи ТТЭ ҲН эътироф кардан, маҳз бо дасти ҳамин ташкилот оташ ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон афрӯхта шудааст. Хиёнаткорони ТТЭ ҲН дар замони ҷанг низ ба қатлу куштори аҳолии осоишта ғорати молу амволи давлат суйиқаст ба ҷони шахсиятҳо ва олимону зиёиён даст зада қасди ниҳоияшон барҳам додани ҳувваяати миллии мардуми тоҷик будааст. Ҳама амалҳои ТТЭ ҲН – ро, ки пурра бар муқобили давлату миллати тоҷик равона шудаанд ба ҷуз душманӣ ва эълони ҷанг бо тоҷику Тоҷикистон наметавон чизе дигар тавсиф кард. Ба ибораи дигар ин ташкилот аз оғози таъсисаш як душмани дохилӣ будааст. Маълум аст, ки душмане, ки худро ба сурат дӯст нишон медиҳад аз душмани ошкорро хатарноктар аст. ТТЭ ҲНИ ҳамин душмани дустнамо буд, ки ҳоло чеҳраи аслияш имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми кишвари Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини милат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дар ба дар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки ватану миллати худро мефурӯшанд. Ва чунин хиёнаткоронро ва Ватан ва ҷомеа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Зеро ватану ватандорӣ ва ҳукумат ба он вазифаи муқаддаси ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ бошад, хоини миллат ва ватанфурӯш аз дур истода тариқи сомонаҳои интернетӣ суханҳои дурӯғ фитнаангезро нисбати ҷомеаи мо паҳн мекунад. Тибқи иттилои коршиносон аъзои ташкилоти террористи мазкур 150-ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қатл расонида, сабаби тарк намудани як миллион нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардиданд. Ҳамчунин тарафдори теъдоди зиёди ходимони давлатӣ ва олимонро қатл кардаанд. Сарчашмаҳои иттилоотӣ тасдиқ менамоянд, ки кишварҳои шиамазҳаб пурра аз ибтидои фаъолияти Ҳизби Наҳзат то имрӯз ба ин ташкилот маблағгузорӣ менамояд. Илова бар ин оҷизӣ ва найрангбозии Кабириро аз суханрониҳояш бараъло эҳсос кардан мумкин аст. Зеро ӯ зимни суханронӣ гӯё рӯ ба рӯяш ба бисёр саволҳои мардум бо баҳонаи набудани вақт ҷавоб надод ва ҷавобҳояш ба бархе саволҳо низ комил набуд.

Сангова М, омӯзгори МТМУ№3-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 3 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.