ВОКУНИШ: Солҳои 90-уми асри гузашта, имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт. Бо дарки амиқи шинохтани арзишҳои маънавӣ мо омӯзгорони муассисаи таҳсиломи миёнаи умумии №44 боварии комил дорем, минбаъд ҷавонони мо низ бо шоҳкориҳои олии зеҳниву маънавӣ метавонанд ҳаёти хеш ва сокинони мамлакатро ғанитар гардонанд ва барои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷаҳони тозаву нав эҷод намояд. Мутаассифона то ҳол шахсоне будаанд, ки пешравӣ ва ободии Тоҷикистонро намехоҳанд. Зарбулмасали хуби тоҷики ба ёд меояд, ки “Дарахтро аз даруни худаш кирм мехӯрад”. Ба ҳамин зарбулмасал монанди Муҳиддин Кабирӣ ва думравони ӯ мисол шуда метавонанд. Шумоён кӯрнамак, хоин, бешараф, бенангу беномус, беимон будед,ҳастед ва симои разилонаи шумобаринҳоро таърих ва миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҳаргиз аз лавҳи хотир фаромӯш намекунад. Кабирӣ шуморо давлат дар қалбаш ҷой кард, солҳои тӯлони аз Тоҷикистон об нӯшидеду аз ҳавояш нафас кашидед зиндагӣ намуда соҳиби молу сарват гаштед. Баъди тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” тамоми амалҳои ноҷавонмардонаи туву писаронат ва хаммаслакони беимонат инчунин хоҷагони хориҷиатро дарк намудем. Ту дигар наметавони бо мақсадҳои нопокат оромии тоҷиконро халалдор намоӣ, Тоҷикистони ободу оромро ноором бисозӣ, ба шумоён нафрат мехонем, насли навраси худро тавре тарбия менамоем, ки ҳамчун фарзандони замони соҳибистиқлолӣ доим бо шумоён дар мубориза бошанд.
Колективи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №44-и н.Кӯшониён