ВОКУНИШ: Ба ҳамагон маълум аст, ки тайи 29 сол аст, ки Тоҷикистони азиз, ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон сулҳ, оромӣ, дӯстиву ҳамдилӣ сол аз сол мустаҳкамтар шуда истодааст. Обрӯю эътибори Тоҷикистон, дар арсаи байналмилалӣ қавитару афзунтар шуда истодааст. Ин ҳама натиҷаи сиёсати одилонаи Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавлу ирода ва меҳнату заҳмати бунёдкоронаи халқи Тоҷикистон мебошад. Ин ҳолат ба як гурӯҳ хоинони давлату миллат маъқул нест. Онҳо муваффақияти Тоҷикистонро дида наметавонанд. Бо ҳар гуна роҳу усулҳо барои муташаниҷ сохтани вазъи кишвари мо ҳаракат мекунанд. Онҳо бо ҳамин мақсад дар хориҷи кишвар якчанд созмону ҳаракатҳои экстремистию террористиро ташкил намудаанд. Яке аз онҳо Паймони миллӣ мебошад. Ин ташкилоти ифротӣ бинобар ба фаъолияти хоинонаи худ нисбат ба халқу давлати Тоҷикистон ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карда шудааст. Роҳбарон ва бисёр аз аъзоёни ин ҳизб дини муқаддаси Исломро ба худ ниқоб карда, дар қаламрави кишвар бисёр хунрезиҳо, одамкушиҳо бетартибиҳоро содир намудаанд.
16-уми сентябри соли ҷорӣ, роҳбари ҳизби экстремистию террористӣ Муҳиддин Кабирӣ, дар хориҷа баромад намуда, худро ҳамчун ҳимоятгари демократия, ғамхори халқи тоҷик нишон додани шуд. Вале нусхаи ҳақиқии ин хоини халқу миллат ва давлати тоҷикро халқ аллакай хуб фаҳмидааст. Мақсади онҳо, ки бо роҳи зӯроварӣ, куштору хунрезӣ давлати қонунии Тоҷикистонро барҳам дода, ба ҷойи ӯ давлати исломӣ ташкил додан мебошад. Халқи тоҷик, тамоми аҳолии кишвар ба чунин дасисаҳои душманон ҳеҷ гоҳ фирефта намешаванд. Мо ба Пешвои худ, ба давлати худ ҳамеша содиқ мемонем. Ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи Истиқлолият ва якпорчагии Ватани азизи худ-Тоҷикистон ҳамеша омода бошем. Доимо сиёсати хирадмандона, бунёдкорона ва сулҳпарваронаи Пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намоем.
Азимов.Ҳ, директори МТМУ №15-и ноҳияи Кӯшониён