
Имрӯз, тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, таҳти роҳбарии Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бо иштироки мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Хатлон Маҳмади Шарифзода, Асалмо Сафарзода, сармуҳҳарири рӯзномаи Хатлон, мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки вилояти Хатлон Хатича Абдуллозода, корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Басфия Умарзода , корманди Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Гулчеҳра Наимова бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯри баргузор гардид. Сараввал Раъно Раҳимзода, миннатдории худро ҷиҳати иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ба фаълони ҷамоат, ва падару модарон баён намуданд. Дар ҷамъомад масъалаҳои пешгирии зӯровари дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, худкушию худсузӣ, маърифати баландӣ истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷоми вохӯри, байни иштирокдорони вохӯрӣ, суолу ҷавоб ба миён омада аз тарафи меҳмонон ба ҳамаи саволҳо ва таклифу пешниҳодҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.