Таърих гувоҳ аст, ки замоне халқи тоҷик, дар ватанаш беватан буд, гуреза буд, сарсону саргардон, гушнаю ташнаю дар ба дар буд, дар вуҷудаш тарс дошт. Тарс аз марг, аз гушнагӣ, тарс барои аз даст додани фарзанд дошт. Бародар хуни бародар мерезонду падар бо писар душман буд ва модаре аз фарзандаш ҷудо. Бале, ин сабабҳои давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буданд. Дар он давраҳои хеле ҳасос қувваҳои гуногун роҳҳои ноқонуниро пеш гирифта, ба хотири манфиатҳои шахсию гурӯҳи бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш соҳибистиқлолии кишварро зери хавф гузоштанд. Он афроди пасту хоинони ватанфурӯш ба мафкураи мардуми бесаводу аз дониш дур ақидаҳои нопоку нақшаҳои палидонаро ҷой дода ва онҳоро ба суйи хонавайрониву ватанхаробӣ, хунрезиву ваҳшонияту бедодгарӣ роҳнамуд карданд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин бесарусомониҳо хуршеди бахт ба суйи мардуми азияткашидаи тоҷик тулуъ кард. Баъди дахолати зиёд оқибат мардуми тоҷик як қадами дуруст гузошту як интихоби саҳеҳ кард, ки то ҳол аз самараи ин интихоб меваи ширини озодиро мечашад. Ва ин интихоб Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Он нафаре, ки имрӯз ӯро ҷаҳониён чун Пешвои миллати тамаддунофари тоҷик мешиносанду эътироф мекунанд. Вале мутаассифона, ҳама вақт пайдо мешаванд нафароне, ки ба хушбахтии миллату давлат бо чашми ҳасодат менигаранду аз пайи хароб кардани ободи мешаванд. Ин гуна ашхос баъди фуру рафтани ҷанги шаҳрванди низ ором нанишастанд ва дубора хиёнат, ҷаҳолат, разолат ва амалҳои манфури пасипардагии худро идома доданд, ки имрӯз баъди тамошои филми мустанади “Хиёнат” саросари Тоҷикистон аз ҳамаи ин ба хуби огоҳ гардид.
Дар филми мазкур далелҳои шайъи ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурухташуда нишон дода шудааст. Аз ин пас мардуми тоҷик дигар ба ин фитнаҳову шуру мағалҳои онҳо бовар намекунанд, дигар миллати тоҷик тобеи фикри ҳеҷ кас нест, худ хулоса мебароранд ва некро аз бад ҷудо карда метавонанд. Бо тамошои ин филм ҳатто тасаввур кардани даҳшати он рӯзҳои шум барои мо мушкил аст. Вой ба ҳоли кӯдакони он давру замон, ки аз волидайн ҷудову саргардон ва бепарастор монанд ва модарони озурдаву ҷигарсӯз, ки шавҳару фарзандон ва хонаву дари худро аз даст доданду зери зулму ситами ин хоинон қарор доштанд. Мо кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Кӯшониён вазъи ҷаҳони муосирро эҳсос намуда, барои бартараф намудани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунаву дохила, ки ба амнияти милливу давлати ва суботи томи ҷомеа таҳдид менамоянд омода ҳастем. Мо кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Кӯшониён рафтори роҳбари собиқ ТЭТ ҲН, Муҳиддин Кабириро маҳкум намуда ба мардуми шарифи Тоҷикистон гуфтанием, ки ҳеҷ вақт ба фикри роҳбари собиқ ҳизби наҳзатро, ки ҳамчун ҳизби террористӣ шинохта шудааст, рози нашуда ва тамоми мардуми Тоҷикистон аз хиёнаткории онҳо ҳазар кунанд.
Коллективи кормандони МТМУ №20-и ноҳияи Кӯшониён