Вокуниш амале, ки дар ҷавоби коре мекунанд, аксуламал, акси амал. Вокуниш дар фарҳанги забони тоҷикӣ бо ҷумлаҳои дар боло зикршда тарҷума шудааст, яъне вокуниш амал ва ё кори баръакс иҷро намуданро дорад. Вокунише, ки солҳои охир аз роҳбари ҳизби собиқ ТЭТ ҲН Муҳиддин Кабирӣ рух дод, давлат ва миллат ин амали разилонаи ӯро маҳкум намуд, зеро Муҳиддин Кабирӣ хиёнат ба Ватан намуда, дар зери пардаи ислом маккориҳои зиёде намуд. Ӯ ба ваъдаю дасисаҳои хориҷиён дода шуда, вазъияти тинҷу ороми Тоҷикистонро ногувор сохта, зидди Ҳукумати Конститутсионӣ, ки ин Конститутсия бо таври райпурсӣ аз тарафи халқ пазируфта шуда буд, амал намуд. Муҳиддин Кабирӣ бо ҳамсафонаш ба ватани азизамон ҳисороти зиёди молию ҷонӣ овард. Аз қабили қатл шудани Муҳаммад Осимӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва даҳҳо нафар олимон ва шахсони маъруфи Тоҷикистонро аз байн рабуданд. Роҳбарони ин ҳизб дар солҳои 90-уми қарни гузашта хостанд ба таври зерӣ дар зери пардаи ислом курсиро соҳиб шуда, давлати исломӣ созанд. Аз давлатҳои исломӣ кӯмак мегирифтанд. Хушбахтона ба амали нопокашон нарасида, аммо ҳазорҳо одамон, деҳаҳо аз ин дасисаҳояшон аз байн рафтанд. Ҳизбҳо дар Аврупо нақши калон мебозанд, боиси пешрафти кишварашон мегарданд, аммо ҳизби наҳзат боиси хисороти калон ба ҳамчун ҳизби террористӣ маҳкум шуд, зеро пайравони он даст ба куштору ғоратгарӣ заданд. Хулоса давлат иштибоҳро мебахшад, аммо хиёнатро не. Амале, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамсафонаш карданд, ин хиёнат ба Ватан аст.
Насруллоев З, директори МТМУ №57-и ноҳияи Кӯшониён