
“Иҷрои содиқонаи вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ масъулияти баландро металабад”
Имрӯз, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия ва роҳбарони мақомотҳои қудратии ноҳия, бо иштироки раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор, раисони маҳалла, имомхатибон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ дар асоси нақшаи Шӯрои мутобиқсозии методӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид. Дар ҷаласаи корӣ масъалаҳои зерин вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии шахрвандон махсусан ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ аз тарафи шахрвандон хусусан ноболиғон, роҳ надодан ба пошхурии оилаҳои ҷавон, пурзур намудани масъалаи беҳдошти тиббӣ ва пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи Каронавирус (COVID-19), баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани алоқаи байни ҷомеа бо мақомотҳои қудратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба масъалаи дар боло зикргардида прокурори ноҳия, сардори ШВКД дар ноҳия, раиси суди ноҳия, сардори КДАМ дар ноҳия бо маълумотҳои мушаххаси таҳлилӣ, дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд. Ҳамзамон мақсад аз баргузории ҷамъомади мазкурро раиси ноҳия, пеш аз ҳама дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи талаботҳои қонунҳои амалкакунанда ва ҷоннок намудани кори раисони маҳал арзёбӣ намуданд, раиси ноҳия. Дар рафти ҷаласа ҳамзамон пурсиши як қатор раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раисони маҳал ба миён омада, ба масъулин супориш дода шуд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар гардидани фазои ҳуқуқи дар ноҳия чораҳои мушаххас андешанд. Дар фарҷоми ҷамъомад ба якқатор раисони маҳалла, ки дар ободонию созандагӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдори ноҳия бо Сипосномаи мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён