Муҳиддин Кабирӣ ба ватану миллат хиёнат кард

         Муҳиддин Кабирӣ магар фаромӯш кардааст, ки сар кардаи ҷанги бародаркушу таҳлили Тоҷикистон ҳамон «исломгароён» набуданд, ки ҳангоми фаъолияти ТЭТ ҲН чӣ навгониҳое барои беҳбудии халҷ чӣ корҳо ба субот расониданд. Баъди ба имзо расидани сулҳ ва ваҳдату ягонагӣ, ба онҳо бовар карда вазифаҳои гуногунро супориданд. Лек аксарияти онҳо ба Ватан хиёнат карданд, мисоли охирин воқеаҳои сентябри соли 2015 бо роҳбарии ҷонишини вазири мудофиа, генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконашон, ки ҳамаи онҳо аъзои ТЭТ ҲН буданд. Имрӯз бошад, Кабирӣ ин хиёнаткору хоинро «женероли бошахсият буду, тӯдагӣ набуд» гуфтааст. Бошахсиятиаш ҳамин бошад, Худо аз нафраташ нигоҳ дорад. Ин генерали хоин аз кӯрнамакиву номардиаш ба Ватану миллат хиёнат кард шахсияту ҳуввият барои ин иблисон ҳайф аст. Шукуҳу шаҳомат ва бузургии ҳар халқияти рӯйи замин бо нангу ораш манша гирифта рушд мекунад, пеш меравад обод мекунад ва ҳазорҳо-ҳазорҳоро тарбия намуда, дар сояи амну-амонӣ маскан намуда, номи миллату давлат, расму оин ва урфу одати аҷдодонашонро аз насл ба насл мерос мегузорад. Халқи тоҷик ба вижа сарзаминҳои Хуросон низ шахсияти бузургро соҳиб буда, то имрӯз давлатдории хешро бо роҳи созишу якдигарфаҳмӣ мартабаашро нигоҳ доштааст. Дар солҳои охир дар қарни 20-21 мутааллиқ ба солҳои 90-уми миллати тоҷик бо мушкилоти вазнини иқтисодию фарҳангӣ ғӯта хӯрд. Мардум дар ҳолати сарсонӣ ва фирор аз масканҳои аҷдодӣ гаштанд.

Ба қавли Мавлонои Балхӣ:

Аблаҳе аз тори бом биафтад,

Гардани мо бишканад.

      Ин нобиғаи бузург ҳаётро чунон таҳлилу коргузори намудааст, кас аз чунин сатрҳо баҳои ӯро медиҳанд. Дар Тоҷикистони кунунӣ мо низ ин шахсияти бо ном «адолатхоҳ» «Исломдӯст» «пуштибони дини мубини Муҳаммадӣ» харобиҳои зидди молӣ, хони ва заифгардонии идеологияи миллиро замина гузошт. Ҳол он, ки марди ба вижа «обрӯманд» ба дину миллати худ чиҳо дода бошад, ки тарафдорони зиёдеро дар гирди миз ҷамъ оварда, ҳар гуна ақидаҳои зидди давлату миллатро замима мегузорад.

Ислом дар зоти худ надорад айбе.

Ҳар айб ҳаст дар мусулмонии мост.

Агар Муҳиддин Кабирӣ аз дину мазҳаб огоҳ медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ хоҳилиро роҳандозӣ намекард.

Агар аз ақидаи исломӣ:

-Муъмин бародари муъмин

-Моли муъмин хуни муъмин

-Ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор:

-Худкуширо олам зишт эълон дошт.

-Аз гаҳвора то ба гӯр илм ҷӯй огоҳи медошт, ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ чунин бадгӯй, тафриқаҷӯй, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистонро дар созмонҳои хориҷӣ кишвар садо баланд намекард.

Агар ақидаи исломӣ «Аз гаҳвора то гӯр»-ро шиори худ мекард, мардумро омӯхтани илм ва чӣ манфиат доштани он дар ҳаёти башарӣ тарғибу ташвиқ мекард.

Ба ақидаи Ҳазрати Бедил:

Олами маънӣ шудему доғи ҷаҳл аз мо нарафт,

Кард илмҳои бехабар моро хароб.

      Ҳадафи ин шахсият бо номи «Кабирӣ» суйистифода ва нуфузи худро ҷой намудан ва соҳиби тахт шудан ва бо ном «ислом»-ро тарақӣ намудан аст. Ҳаминро таъкид намоем, ки ҳаргиз бори каҷ ба манзил намерасад, заҳмати зиёди бесамарро мегиранд.

Ба қавли Фирдавсии бузургвор:

Нигар то чӣ кори ҳамон бидравӣ,

Сухан гар чӣ гўи ҳамон бишнавӣ.

     Дониста бошад, ки ҳар амали кардаи ӯ дар назди худованд, виҷдон, ҷомае рӯйпӯш намемонад, вақте мерасад ба ҳар қатраи хуни рехта муттаҳам дониста мешавад. Ҳол он, ки дар замони соҷибистиқлолӣ ягон нафаре ёфта шуда бошад, ки ҷойнамози ибодаткунанда гирифта ӯро таҳқир созад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳама баромадҳояш нақши ислом дар ҷомеа, хайрандешӣ ба барҷомондагонро аз суннатҳои баланди исломӣ баҳо медиҳад. Бо ташаббуси Пешвои миллат, дар пойтахт масҷиди ҷомеъи бузургу бо ҳашамат, барои кулли ибодаткунандагон, ки барои 50-ҳазор тарҳрезӣ шуда бад, сохта ба истифода дода шуд. Агар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исломдӯст намешуд, ӯ дар қатори 500-мусулмони беҳтарин арзёбӣ мешуд? Танҳо ҳамон шахсе ба ин молҳо соҳиб мешавад, ки нияти пок, дили чун оина соф, нерӯи рустамона ва ишқи Муҳаммадиро дар қалби кӯчак ҷой дода ва парвариш намояд. Мо тарафдори онем, ки мудом дар ҷомеаи имрӯза парчами сулҳу вафо парафшон ва сарҷамъии мардуми босаодат асрҳо низ пойдор бимонад.

Ба қавли Мавлонои Балхӣ:

Пирӯзи аз иттифоқ хезад,

Парокандагӣ аз нафар хезад.

Сармутахассиси дин танзими анъана

ва ҷашну маросимҳои ҷамоати

деҳоти Меҳнатобод Мусофиров С.А

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.