Кӯшониён: Аёдати собиқадорони меҳнат, дар арафаи ҷашни рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

     “Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст”.

                                                                                   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

   Имрӯз, чун ҳукми анъана бахшида ба солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Вализода Икромиддин Сироҷиддин раиси ноҳия ва ҳамраҳонаш 4 нафар собиқадори меҳнати Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия Латипова Бибигул, собиқадори соҳаи кишоварзӣ, Мирзоева Сайбӣ, собиқадори соҳаи тандурустӣ, Ғоибов Саид, механизатори собиқадор ва Назриев Аскар, собиқадори соҳаи маориф аёдат гардида, ба ҳар яки онҳо шириниҳо ва маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд. Ҳангоми суҳбати самимӣ, раиси ноҳия миннатдории худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба ин шахсони обрӯманди ноҳия расонида ба онҳо тансиҳати ва хонаи обод тамманно намуда, қайд намуданд, ки хизматҳои шоёни онҳо ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад ва пайваста кӯмакҳои лозима расонида мешавад. Пирони рӯзгордида низ ҷавобан ба ин ғамхориҳо миннатдорӣ намуда, аз тинҷиву амонӣ ва осмони софу беғубори ватани азизамон шукргузорӣ намуда, ба Пешвои муззами миллат ва халқи сарбаланди тоҷик дуои нек намуданд.

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

2_22.jpg 3_20.jpg 4_6.jpg 5_3.jpg 6_4.jpg 7_4.jpg 8_4.jpg 9_1.jpg 10_1.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.