“Қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар таърихӣ давлатдории мо саҳифаи наверо оғоз намуда, асосу пойдевори давлатӣ соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид, минбаъд такмилӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо имкони фароҳам овард, ки дар кишвар парламенти касбии дупалатагӣ таъсис дода шавад инчунин инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуда, райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олӣ ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз, бахшида ба 26- умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи милитсияи тоҷик, субҳи барвақт роҳбарони ташкилоту идораҳо, сокинони ноҳия, дар даст ливои миллӣ ва ҳаргуна шиору овезаҳое, ки таранумкунандаи соҳибистиқлоли кишварамонро мекунад, дар маркази ноқия ҷамъ омада ҳамоиши васеъ баргузор гардид. Пас аз ҳамоиш, дар толори Кохи фарқангӣ ноҳия, бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, Исозода Диловаршоҳ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳия, роҳбарон ва кормандони ташкилоту идораҳои ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар суханронии табрикотии худ, раиси ноҳия тамоми иштирокчиёни ҷамъомад ва дар симои онҳо кулли мардуми сарбаландӣ ноҳияро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфтанд. Ҳамзамон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Исозода Диловаршоҳ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон суханронӣ намуда, кулли мардуми ноҳияро бахшида ба солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳамаи иштирокчиён ва сокинони ноҳия тансиҳатӣ, сулҳу субот ва дар рушди босуботи ноҳия бурдбориҳо таманно намуданд. Сипас ба як қатор кормандони фаъоли ШВКД дар ноҳия, бахшида ба рӯзи милитсияи тоҷик сипоснома ва ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз роҳбарияти ноҳия супорида шуд. Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ аз тарафи кормандони шуъбаи фарҳангӣ ноҳия, гулдастаи ҳунарӣ тақдими иштирокчиён карда шуд. Ҳамзамон, дар доираи тантанаҳои рӯзи Конститутсия, ҳамчунин дар қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ноҳия ҷойгир аст, маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, Исозода Диловаршоҳ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд. Раиси ноҳия, зимни баромади хеш роҳбарият ва ҳайати шахсии қисми низомиро бо рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ҳамзамон ба наваскарон барои содиқона хизмат намудан ба Ватан-модар, ҳифзи марзу буми кишвари азизамон ҳидоят намуда, инчунин таъкид намуданд, ки зиракиву ҳушёрии хешро аз даст надода, ҳар як ваҷаб хоки муққаддаси кишвари соҳибистиқлоламонро ҳифз намоянд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён