Кӯшониён: Ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ

    «Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд»

                                     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

       Имрӯз, дар доираи чорабиниҳои 26-умин солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сараввал дар маркази ноҳия шаҳраки И.Сомонӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон маркази хизматрасонӣ, ки дорои ошхонаи замонавӣ, мағозаи тиҷоратӣ, дорухона ва гулгашти зебо мебошад ба истифода дода шуд. Маркази мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадаминов Абдулҳамид бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар вазъияти тантанвӣ ба соҳибкор, Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд. Ҳамзамон дар деҳаи Орзуи Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони ҷамоат беш аз 1 километр роҳи аҳамияти маҳаллӣ дошта таъмир ва мумфарш гардид, ки бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва Файзулозода Заробиддин, муовини раиси вилояти Хатлон ба истифода дода шуд. Дар ин ҷо ҳамзамон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти қаннодӣ аз тарафи сокинони Ҷамоат ба марразӣ тамошо гузошта шуда буд. Соҳибкорони маҳаллӣ барои иқдоми пешгирифтаашон, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

11_18.jpg 12_19.jpg 13_17.jpg 14_8.jpg 15_6.jpg 1_0.jpg 2_24.jpg 3_22.jpg 6_6.jpg 8_6.jpg 9_3.jpg 5_5.jpg 4_8.jpg 

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.