«Эътимоди комил дорам, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун содиқона заҳмат мекашанд ва ба халқу Ватан бошарафона хизмат мекунанд».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, тамоми кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии дар ноҳияро самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, рӯзгори неку осоишта ва дар фаъолияти кориашон пирӯзиҳои нав ба навро орзумандаст. Дар ин рӯзи фархунда мо бо қаноатмандӣ номи неки кормандони милитсияи ноҳияро ба ёд оварда, гуфта метавонем, ки онҳо дар рушду нумӯъ ва инкишофи милитсияи тоҷик корҳои бузургеро ба анҷом расонидаанд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз низ дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими суббот ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи моликияти давлат ва шаҳрвандон қарор дошта, вазифаҳои мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона адо карда истодаанд. Имрӯз мову шумо дар даврае қарор дорем, ки ҷомеаи башариро доман паҳн кардани хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ ба ташвиш овардааст. Воқеаҳои вақтҳои охир дар манотиқи алоҳидаи кишвар ба вуқуъпайваста худ далели ин гуфтаҳо мебошанд.Таҳлили вазъи риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо нишон медиҳад, ки содиршавии ҷиноятҳои вазнин ва умуман ҷинояткорӣ дар ноҳия тамоюли камшавӣ дорад. Боиси қайд аст, ки аксарияти кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба касбу кори худ содиқу вафодор буда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини субботи устувори ҷомеаро аз ҳар гуна манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ боло медонанд. Кормандони милитсия, бояд пеш аз ҳама, интизоми оҳанин, савияи баланди касбӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси нерӯмандиву ватандӯстӣ дошта бошанд, меъёрҳои қонуну тартиботро хуб донанд ва риоя намоянд. Дар фарҷоми сухан, бори дигар ҳамаи Шумо, ҳомиёни шуҷову далери меҳандӯстро, ба рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфта, ба Шумо бахту иқболи баланд ва дар фаъолияти хизмати пурмасъулатон бурдбориҳо орзумандам.