Санаи 11 ноябри соли равон, дар майдони зебои Парчам ва Нишони давлатӣ, чорабинии идона бахшида ба иҷрои дурнамои нақшаи пахта, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, меҳмонон, кишоварзон, саҳмдорон ва роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо баргузор гардид. Сараввал Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия дар сухани табрикотии худ, миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба тамоми кишоварзони ноҳия, ҷиҳати иҷрои босифати нақшаи дури гаронбаҳо баён намуда, ба онҳо тансиҳати, хонаободӣ ва дар иҷрои нақшаҳои минбаъдаи истеҳсоли тамманиёти нек намуданд. Сипас ба як қатор роҳбарони хоҷагиҳои пешқадам ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзии ноҳия, Сипоснома ва туҳфаҳои молӣ, дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Бояд қайд намуд, ки кишоварзони ноҳия 25500 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки пурра нақшаи дурнаморо барзиёд иҷро намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ, аҳли санъати бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои ватандустона аҳли нишастро болидахотир намуданд. Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён