Кӯшониён: Дар ҳамоҳангӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм натиҷаҳои самарабахш медиҳад.

    “Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.

                        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

         Имрӯз, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, Конференсия вобаста ба рафти амалишавии “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва тероризм барои солҳои 2016-2020” бо иштироки Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, Маҳмади Шарифзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Хатлон, корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯшониён, роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳал, имомхатибони муассисаҳои динӣ ва ҷавонон баргузор гардид. Доир ба рафти амалишавии Стратегияи мазкур Тағоев Сироҷ, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия, Ш.Маҳмадализода, мудири бахши ҷавонон ва варзиш, Холиқзода Гулракат, мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳия, сархатиби ноҳия ва намояндаи шуъбаи маориф суханронӣ намуданд. Мақсад аз баргузории Конференсияи мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳамоҳангии мақомотҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои терористиву экстремистӣ арзёбӣ гардид.

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

2_26.jpg 3_24.jpg 4_9.jpg 5_7.jpg 6_8.jpg 7_6.jpg 8_8.jpg 9_4.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.