Имрӯз, дар доираи чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 28-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, бо иштироки раиси ноҳия ва ҳамраҳонаш боз як иншооти ҷашнӣ, бинои ду ошёна, ки дар ошёнаи якум ошхонаи замонавӣ қарор дорад ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур, дар доираи нақша-чорабиниҳо, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Муродов Норхон бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ сохта шудааст, ки дар ин рӯз мавриди баҳрабардоӣ қарор гирифт. Бояд зикр намуд, ки дар ошёнаи дуюми ин бино сехи дӯзандагӣ ташкил мегардад, ки дар умум беш аз 20 нафар соҳиби ҷойи корӣ доимӣ мегарданд. Ин иқдоми ташаббускоронаи соҳибкор ба инобат гирифта шуда, дар назди сокинони Ҷамоат ба ӯ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи раиси ноҳия супорида шуд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён