Ҳар давлати соҳибистиқлол рамзу нишонаҳои хоси худро дорад, ки тавассути онҳо дар ҳама саҳнаву минбарҳои баланд шинохта мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои хеш Парчам, Нишон ва Суруди миллиро дар давраи душвору фоҷиабори таърихи навинаш қабул кард ва маҳз он рамзҳоянд, ки имрӯз ному симои давлати қадиму ҷавони моро дар хотиру назари ҷаҳониён мушаххас менамояд.Аз ҷумла Парчам аст, ки бо садо додани номи давлати мо Тоҷикистони азиз дар маросимҳои гуногун барафрохта мешавад ва рамзан боиси сарбаландиву назарбаландии ҳар фарди кишвар мегардад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мардуми шарафманди ноҳияи Кӯшониён ҳамасола санаи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, дар фазои сулҳу субботи комил, ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ватан бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Бинобар ин аз фурсати муносиб истифода намуда ба шарафи ин ҷашни фархундаву муборак, ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро самимона, табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатию саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар кору фаъолияти меҳнатиатон пирӯзиҳои нав ба навро орзу менамоям. Қабули парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бӯсидану ва ба чашмон молидан, дар зери ливои ҷовидона рӯйи саҳнаи сиёсат омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли нек барои мардуми Тоҷикистон гардида, инак дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати комил Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон партавафшонӣ менамояд. Ин Парчами зебо мавҷудияти давлатӣ соҳибистиқлоли тоҷиконро тасдиқ карда, дар қатори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатдорӣ демократию ҳуқуқбунёд, дунявию башардӯст ва ҷонибдори сулҳу ҳамкориҳои осоишта будани давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифи намуд.Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ оини парчамдориро гиромӣ медоштанд.
Парчами миллӣ яке аз муқаддасот аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, хонаводаву фарзандони худ ва таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии миллат гувоҳӣ медод. Парафшонии парчам дар ҳар гӯшае баёнгари мавҷудияти миллат ва давлат аст. Дар пешгоҳи Созмони милали Муттаҳид ва биноҳои дигари бонуфузи ҷаҳон, ки Тоҷикистон узви онҳо мебошад, парчами мо нурафшонӣ мекунад. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ роҳбари Сарвари давлат буда, ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони миллат дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани суруди миллӣ боло мешавад. Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озодӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтиром ба Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Ноҳияи Кӯшониён яке аз ноҳияҳои калонтарини вилоят ба ҳисоб рафта, дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ҳиссаи арзандаи худро гузошта мақоми хоссаро ба худ касб намудааст. Мардуми шарафманди ноҳияи Кӯшониён имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири бунёди ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд. Зеро амик дарк мекунем, ки арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ-Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ бояд дар миёни мардум ва пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ бояд вусъат пайдо намояд. Бо назардошти ин ва ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносиву ватандӯстӣ ва ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавон бунёди манораи парчам дар маркази шаҳраки Исмоили Сомонӣ дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ифтитоҳ гардид. Ҳар як фарде, ки имрӯз назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъи, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёди мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидони миллӣ ва умед ба фардои ободии халқамон аст. Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми шумо хуррамиву хушбахтӣ, осоиши рӯзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозии ҷовидонаро орзу менамоям. Бигзор парчами халқи тоҷик, дирафши фатҳу иршоди тоҷик ҳамчун шуълаи имон ва оташи виҷдони ҳар фарзанди бонангу номуси миллат то абад парафшон бошад.
Сарбаланду саодатманд бошед.