Кӯшониён: Баргузор гардидани шанбегии умуминоҳиявӣ.

    Санаи 21 ноябри соли равон, бо иштироки Раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти ноҳия ва тамоми ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ ва сокинон, дар саҳни бинои нави боҳашамати таълимии Ҷамоати деҳоти Заргар, ки иншооти ҷашни, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гашта истодааст, шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид. Дар саҳни бино ва даромадгоҳи он дарахтони зебои ороишӣ шинонида шуданд, ки ба ҳусни ин макони илму маърифат зебогӣ мебахшад. Дар ҳамин ҷо низ раиси вилоят бо роҳбарият ва фаълони ноҳия суҳбат намуда, барои ташкили шанбегии умуминоҳиявӣ миннатдории худро баён намуда, оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба корҳои ободонию созандагӣ ва омодагиҳо ба ҷашнӣ бошукуҳи миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёдрас гардиданд.

Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Кӯшониён

10_5.jpg 11_21.jpg 12_22.jpg 14_10.jpg 15_8.jpg 16_6.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.