Кӯшониён: Арҷгузори ба Парчами миллӣ

“Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст”

                                                Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

     Имрӯз, бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ҳамоиши калони тантанавӣ бо иштироки зиёда аз 1000 нафар ҷавонону наврасон, дар даст ливо ва шиору овезаҳое, ки ифодакунандаи соҳибпарчами миллати тоҷикро мекард баргузор гардида, сипас дар толори Кохи фарҳангӣ ноҳия, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, Ёрмуҳаммадзода Шермаҳмад, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфуллоев Сайфулло, муовини сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарон ва кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонону наврасон ва фаъолони ноҳия, маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Ҷамъомади тантанавиро бо сухани табрикотӣ Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия кушода иброз доштанд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бӯсидан ва ба чашмон молидан, дар зери ливои ҷовидона рӯйи саҳнаи сиёсат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли нек барои мардуми Тоҷикистон гардида, инак дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати комил Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон партавафшонӣ менамояд. Ин Парчами зебо мавҷудияти давлатӣ соҳибистиқлоли тоҷиконро тасдиқ карда, дар қатори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатдорӣ демократию ҳуқуқбунёд, дунявию башардӯст ва ҷонибдори сулҳу ҳамкориҳои осоишта будани давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифи намуд. Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ оини парчамдориро гиромӣ медоштанд. Парчами миллӣ яке аз муқаддасот аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, хонаводаву фарзандони худ ва таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст, қайд намуданд раиси ноҳия.

       Ҳамзамон намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмуҳаммадзода Шермаҳмад, дар сухани табрикотии худ иштирокдорон ва дар симои онҳо кулли сокинони ноҳияро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани рӯзи Парчами миллӣ дар ноҳияро бо қаноатмандӣ изҳор намуданд. Дар рафти чорабинӣ аз тарафи раиси ноҳия ва меҳмони олиқадр ба иштирокчиёни фаъоли барнома-озмуни интеллектуалии “Шоҳмот”, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040” равона гардидааст, бо Сипоснома ва туҳфаҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд. Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ, наврасони мактаби мусиқӣ ва санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия, бо сурудҳои ватандӯстона иштирокчиёни чорабиниро болидахотир намуданд.

3_26.jpg 4_11.jpg 5_10.jpg 6_11.jpg 7_9.jpg 8_11.jpg 9_6.jpg 10_6.jpg 11_22.jpg 12_23.jpg 13_20.jpg 14_11.jpg 15_9.jpg 16_7.jpg 17_5.jpg 19_1.jpg 18_2.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.