Кӯшониён: Ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ

    Имрӯз, дар доираи чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар деҳаи Гулистони Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа ва деҳаи Дилбари Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иштироки раиси ноҳия ва меҳмонон иншоотҳои ҷашнӣ, бунгоҳи тиббӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ, дар доираи нақша-чорабиниҳо, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҳомидов Батриддин ва сокинони ин деҳа сохта шудааст, ки дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунгоҳи тиббӣ бо сифати баланд сохта шуда, бо мутахассисони пуртаҷриба таъмин гашта, бо тамоми таҷҳизотҳои тиббӣ муҷҷаҳаз гардонида шуддаст, ки ба сокинони деҳаи мазкур хизматрасонии тиббӣ мерасонад. Дар саҳни иншоот роҳбарият ва меҳмонони гиромӣ, бо сокинони деҳа суҳбати самимӣ намуда, раиси ноҳия ба саҳмгузорони иншооти муҳими иҷтимоӣ миннатдории хешро баён намуда, ба соҳибкори маҳаллӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи раиси ноҳия супорида шуд. Ҳамзамон, дар деҳаи Дилбари Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, дар назди МТМУ-и №6- ноҳия, 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ, ки бо ташаббуси сарвари мактаб ва бо дастгирии сокинони ин деҳа сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Синфхонаҳо бо тамоми аёниятҳо ва таҷҳизотҳои зарурӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Раиси ноҳия ва меҳмонон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои иқдоми пешгирифтаи сарвари мактаб ва раиси кумитаи падарон модарони ин муассиса, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

2_28.jpg 3_27.jpg 4_12.jpg 7_10.jpg 8_12.jpg 9_7.jpg 11_23.jpg 12_24.jpg 13_21.jpg 16_8.jpg 19_2.jpg 21_8.jpg 22_7.jpg 23_6.jpg 24_4.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.