Кӯшониён: Вохӯрии кормандони суди вилоят, бо фаъолони ноҳия

    “Ҳар як мамлакатро танҳо фарзандони баору номус, худогоҳу худшинос ва донишманду соҳибмаърифат обод карда метавонанд. Аз ин лиҳоз, рисолати падару модар ва оила, дар рушди миллат ва пешрафти давлат хеле бузург аст”.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

    Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки Бойзода Темур, муовини аввали раиси суди вилояти Хатлон, Ш. Аҳёзода, муовини раиси суди вилояти Хатлон, С. Давлатзода, раиси суди ноҳияи Кӯшониён, бо кормандони ташкилоту идораҳо ва фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур бештар сухан, дар бораи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва риоя талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъанава ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” арзёбӣ гардид, ки имрӯзҳо ҳастанд ҷавононе, ки ба ҷудошавии оилаҳо даст мезананду фарзандони хешро дар нимароҳи ҳаёт бе тарбияи падар ё модар мегузоранд. Дар назди ҳар оила вазифаи хеле муҳим ва рисолати бузург меистад, ки ин пеш аз ҳама, тарбия кардан ва ба камол расонидани фарзандони нобиғаву хирадманд, солиму тандуруст, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва хирадманду созанда аст. Яке аз муҳимтарин шартҳои расидан ба ин ҳадафҳо ва бунёд намудани ҷамъияти солим тарбияи фарзандони соҳибмаърифату боодоб ва тарбиятдида мебошад. Муҳиммияти ин масъаларо ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Ҳар як мамлакатро танҳо фарзандони баору номус, худогоҳу худшинос ва донишманду соҳибмаърифат обод карда метавонанд. Аз ин лиҳоз, рисолати падару модар ва оила дар рушди миллат ва пешрафти давлат хеле бузург аст”. Дар фарҷоми вохӯрӣ аз тарафи фаъолон таклифу пешниҳодҳо ва суолҳо ба кормандони суди вилояти Хатлон пешниҳод гардид, ки ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

7_13.jpg 6_13.jpg 5_12.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.