Кӯшониён: Баргузор гардидани семинари омӯзишии судяҳои вилояти Хатлон

    “Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост”.

            Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

    Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, тибқи нақшаи Суди вилояти Хатлон ва бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши судяҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оид ба тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омада, бо иштироки Бойзода Темур, муовини аввали раиси суди вилояти Хатлон, Ш. Аҳёзода, муовини раиси суди вилояти Хатлон, С.Давлатзода раиси суди ноҳияи Кӯшониён, раисони суд ва судяҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, семинари омӯзиши баргузор гардид. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки чунин семинарҳои омӯзишӣ, дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон доир мегарданд. Мақсади дигари баргузории семинари мазкур ин такмили қонунгузории соҳа ба хотири баланд бардоштани нақши суд, дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон арзёбӣ гардид. Таъкид гардид, ки барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд. Дар фарҷоми семинар байни корманд таклифу пешниҳодҳо ва суолу ҷавоби судманд доир гардид.

1_1.jpg 3_29.jpg 4_13.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.