Кӯшониён: Доир гардидани ҷаласаи кории назди раиси ноҳия

    “Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд”.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

    Имрӯз, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия бо иштироки раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, дар асоси нақша ҷаласаи Шӯрои мутобиқсозии методӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид. Дар ҷаласаи корӣ масъалаҳои зерин вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, рафти иҷрои талаботҳои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии амалҳои ҳолати коррупсионӣ дошта мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар фарҷоми кори Шӯро, раиси ноҳия ба масъулин оид ба мустаҳкам намудани алоқаи ҳамкорӣ байни мақомотҳо ташкилоту идораҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо шаҳрванд, сари вақт қабул ва иҷро намудани муроҷиати шаҳрвандон, роҳ надодан ба қонуншиканиҳо ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

2_29.jpg 3_30.jpg 4_14.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.