Кӯшониён: Ташрифи кории сафири Украина дар Тоҷикистон ба ноҳия

    Имрӯз, дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, сафири Украина дар Тоҷикистон Сервантюк Василий Николаевичро ва ёрдамчии ӯ Кармалита Григоревичро ба ҳузур пазируфтанд. Раиси ноҳия ташрифи меҳмони гиромиқадрро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, аз вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия шинос намуда, қайд намуданд, ки ноҳияи Кӯшониён яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ноҳияи аграрӣ мебошад. Таъкид карда шуд, ки асосан дар ноҳия кишти пахта, сабзавоти барвақтӣ ва меваҷот бештар истеҳсол гардида, ба тобеъи ҷумҳурӣ ва ба хориҷи наздик содирот мешавад. Инчунин ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо, дар самти содироти маҳсулоти аграрӣ ва саноатӣ, ҳамкории соҳибкорон оид ба таъсиси корхонаҳои шарикӣ ва дар ин ҷода таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ва таҳсили ҷавонони ноҳия дар муассисаҳои олии Украина мубодилаи афкор намуданд. Сафири Украина аз пазироии самимӣ миннатдории худро баён намуда, қайд намуд, ки ҷониби Украина омодааст муносибатҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро бо ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо густариш диҳад. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин оидба масъалаҳои дигари вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Баъд аз мулоқоти самимӣ, раиси ноҳия меҳмони гиромиқадрро оид ба аз наздик шиносои пайдо намудан, аз фаъолияти якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои саноатии ноҳия шинос намуданд. Сараввал роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон ба хоҷагии деҳқонии “Имоми Аъзам”, ки асосан бо истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ машғул аст ташриф оварданд. Сафири Украина аз парвариши помидор дар гармхонаҳои ин хоҷагӣ дидан намуда, баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки маҳсулоти тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба давлати Украина низ содирот шавад. Баъд аз он меҳмонон бо роҳбарияти ноҳия аз фаъолияти корхонаи ресандагии ҶДММ “Ресандаи Хатлон” боздид намуданд. Корхонаи мазкур бо коркарди пахта машғул буда, аз он риштаи бо сифат истеҳсол гардида, ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки маҳсулоти ин корхона ба Украина низ содирот гардад. Сипас роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон ба корхонаи коркарди пахта, ҶСШК “Бохтар Инвест Коттон” ташриф оварда, аз фаъолияти ин корхона аз наздик шинос шуданд. Дар фарҷоми сафари кори роҳбарияти ноҳия ва сафири Украина аз фаъолияти кооперативи истеҳсолии “Сомон”,- ноҳия, ки ба парвариши лимӯ машғул аст дидан намуданд. Дар кооперативи мазкур, дар майдони 2 гектар замин 10 гармхонаи доимоамалкунанда, ки беш аз 1 ҳазору 400 бех ниҳолҳои лиму шинонда шудааст, ки аз ин ноҳолон ҳамасола 50 то 60 тонна ҳосил мегиранд. Сафири Украина фаъолияти пурсамари кишоварзони ноҳияро бо қаноатмандӣ арзёбӣ намуда изҳор гардид, ки маҳсулоти ситруси ба хусус лимуи хуштамъи Тоҷикистон ба Украина бештар содирот гардад.

2_30.jpg 3_31.jpg 5_13.jpg 6_14.jpg 7_14.jpg 8_13.jpg 9_8.jpg 10_7.jpg 12_25.jpg 15_10.jpg 16_9.jpg 18_3.jpg 19_3.jpg 20_3.jpg 22_8.jpg 23_7.jpg 25_2.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.