Имрӯз, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия хонандагони синфи 2-юми МТМУ-и рақами 70 ноҳия, бародарон Шамсиев Абдуло ва Шамсиев Иброҳим, ки дар 5-ум олимпиадаи ҷумҳуриявии арифметикаи зеҳнӣ “GENIUSKID-2020” иштирок намуда, яке сазовори шоҳҷоиза, медали тилло ва дигаре сазовори ҷойи аввал гардиданд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ дастоварди олӣ арзёбӣ мегардад, ба ҳузур пазируфтанд. Раиси ноҳия, аз ин дастоварди наврасон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба падару модар ва омӯзгорони муассисаи мазкур миннатдории худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён намуданд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён