Аз тарафи маркази Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ(комуналлӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” ва бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ, корхонаи истифодабарии оби нӯшокии деҳоти ноҳияи Кӯшониён бо нақлиёти нави махсуси садамавии қубурҳои обӣ тамғаи “УАЗ-236324” таъмин гардид, ки барои беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва сари вақт босифат таъмир намудани қубурҳои обгузар мусоидат хоҳад намуд. Дар назар аст, ки дар доираи ҳамин лоиҳа, корхонаи мазкур боз бо 4 адад чунин нақлиётҳои махсус таъмин карда шавад.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён