«Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз, субҳи барвақт бо иштироки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, роҳбарияти ноҳия ва бо иштироки беш аз 1500 нафар кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони ноҳия, дар мавзеъи арчазори Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид. Бояд зикр намуд, ки дар шанбеги зери арчаҳо нарм гардида, майдони арчазор бо нақлиётҳоӣ махсуси кишоварзӣ аз алафҳои бегона тоза гардида, дар ҷойҳои боқимонда ва майдонҳои холӣ зиёда аз 1000 бех ниҳоли сузанбарг шинонида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин макон ба як мавзеъи зебо мубаддал гардида, ҳамзамон ба беҳтар гардидани ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён