«Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола рӯзи 7 декабр, ҳамчун иди касбии кормандони мақомоти молияи кишвар муқаррар гардидааст, ки имсол дар баробари ин, 96-солагии таъсисёбии Вазорати молия низ пешвоз гирифта мешавад. Зеро маҳз 96 сол қабл аз ин, 7 декабри соли 1924 мақомоти молия дар шакли Комиссариати Халқии молияи Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Имрӯз, бахшида ба рӯзи касбии кормандони молияи ҷумҳурӣ, раиси ноҳия бо роҳбарият ва кормандони фаъоли Раёсати молияи ноҳия мулоқоти самимӣ намуда, онҳоро ва дар симои онҳо тамоми кормандони мақомоти молияи ноҳия, вилоят ва ҷумҳуриро бо иди касбиашон табрику муборакбод намуда, барояшон сарбаландию сарфарозӣ, тансиҳатию хонаободӣ, саодати зиндагӣ ва дар иқдомҳои некашон ба хотири рушди соҳаи молия барору комёбиҳоро таманно намуданд. Дар фароварди суханашон раиси ноҳия қайд намуданд, ки саҳми кормандони соҳаи молия дар пешбурди ин сиёсати давлатӣ ва таҳкими иқтисодиёти мамлакат намоён мебошад. Сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муътадил гардонидани вазъи молиявии кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаҳои иқтисодиёт ва устувории асъори миллӣ нигаронида шуда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуда истодааст.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён